Бар асари боронҳои шадиди рӯзи 23-уми майи соли равон ба дешаи Варваи ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат сел омад ва лойоба ба манзили истиқоматии се сокини деҳа ворид гардид, ҳамчунин 10 қитъаи наздиҳавлигӣ қисмат зарар дид. Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Ваҳдат фаъолият мекунад.
Барои расонидани ёриҳои амалӣ ба ҷойи ҳодиса кормандони масъули Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанд. Ба зарардидагон аз ҳисоби захираҳои КҲФ дар шакли бастаҳои хоҷагиву беҳдоштӣ кумакҳо ирсол карда шуданд.
Худи ҳамин рӯз соати 20:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ сел 5-8 ва 9 километр роҳи мошингарди Нуробод-Сангворро баст. Барои бартараф намудани паёмадҳои офати табиӣ кормандон ва техникаи хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт ҷалб шудааст.
Сел талафоти ҷонӣ надошт.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 26-уми май низ хатари эҳтимолии омадани селҳо, ярч, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо боқӣ мемонад ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад эҳтиёткор бошанд.