Ҳамкориҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ мусбат арзёбӣ шуд

Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Паоло Маттей, Намояндаи тозатаъини Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ зимни як мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳо ва татбиқи минбаъдаи тарҳҳои муштарак, вокуниш ба офатҳо, ҳамкориҳо оид ба иттилоърасонӣ ва  ҳушдор ба мардум дар мавриди хатарҳо ва таҳдидҳо, омодасозӣ ва бозомӯзии кормандон, расонидани кӯмакҳои техникиро баррасӣ карданд.

Ҷопон тарҳи нави ҳамкориҳо дар коҳиши хатар аз офотро 10,6 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад

7 сентябри соли 2016 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои мубодилаи ёддоштҳо миёни Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳаҷиме Китаока ва Директори кишварии  Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Ян Харфст роҷеъ ба лоиҳаи “Таҳкими зарфиятҳо барои коҳиши хавфи офатҳо ва вокуниш” баргузор гардид.
Лоиҳаи мазкур дар асоси Стратегияи миллии идораи хатари

Баргузории ҷаласаи Гуруҳи арзёбиҳои фаврии ҳолатҳои фавқулодда

Ҷаласаи навбатии Гуруҳи арзёбиҳои фаврӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар ҳолатҳои фавқулодда 31-уми августи соли равон таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ширкати васеъи роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои тавсеъа, таҳким ва стратегияи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи

Сели азим дар Тоҷикобод пули байни ду деҳаро хароб кард

28 - уми августи соли равон аз куҳсанги деҳаи Себистони ҷамоати Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод як бахши азими пирях канда шуд ва ба сели бузурге табдил шуда, самти ҳаракати рудхонаи Шуракро баст.
Бар асари он сатҳи оби дарё боло шуд ва пули байни деҳаҳои Фатҳобод ва Шӯробро вайрон карда, 10 хонаи истиқоматиро хароб намуд, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва системаҳои коммуникатсионии рустоҳои Фатҳобод ва Капалии ноҳияи

Раёсати қўшунҳои кумита

Раёсати  қўшунҳои мудофиаи гражданӣ сохтори давлатии ҳарбӣ буда, барои ҳалли масъалаҳои мудофиаи гражданӣ таъин шудааст. Раёсати қўшунҳои мудофиаи гражданӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои таркибии Кумита амалӣ месозад.

Раёсати қўшунҳо аз рўи фаъолияти ҳамарўзааш вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:

Страницы