Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар ҷаласаи мизи гирди вазирон «Тадбирҳо оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар пасманзараи тағйирёбандаи хатарҳо» дар доираи Платформаи минтақавии Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ (ECARRDS-2024) ширкат мекунад. Ин нишаст рӯзи 6-уми ноябр дар шаҳри Будваи Черногория оғоз шу два қарор аст то 8-уми ноябри соли равон идома кунад.
Дар мизи гирд масъалаҳои марбут ба татбиқи барномаи қолабии Сендай, равишҳои фаъол оид ба ду мавзӯи ба ҳам алоқаманд “Маблағгузории хатари офатҳои табиӣ ва иқлимӣ” ва “Ҷалби ҳамаҷонибаи тарафҳои манфиатдор” бо мақсади пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва табодули иттилоот оид ба ҳолатҳои фавқулодда, баланд бардоштани иқтидор ва таъминоти моддию техникии давлатҳои узв ва расонидани кӯмак ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида баррасӣ мешаванд.
Масъалаҳои ҳамкории мутақобилаи кишварҳои узв дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиии ҳам дар дохили кишварҳои узв ва ҳам дар минтақаҳои фаромарзӣ низ баррасӣ хоҳанд шуд.
Раиси КҲФ зимни суханронӣмизи гирд аз ҷумла қайд кард, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардаанд, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти экологӣ тадбирҳои муштаракро таҳия ва саривақт амалӣ созанд».
Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда зимни суханронии худ аз кулли ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳалли мушкилоти об ва наҷоти пиряхҳо ҳарф зад ва якояки онҳоро бори дигар баршумурд ва хотирнишон кард. Аз ҷумла, пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (МУ СММ, 1 октябри 1999) — эълон намудани соли 2003 — Соли оби тоза. Эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”.
Эълон намудани соли 2013 ҳамчун соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”.
Ҳамчунин қайд кард, ки 14 декабри соли 2022 Асссамблеяи Генералии СММ дар ҷараёни иҷлоссияи 77-уми худ бо як овоз пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди эълон крадани соли 2025 чун соли Байналмилалии ҳифзи пиряхҳро қабул намуд, ки он низ аз ҷумлаи ташаббусҳо ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Дар доираи чорабинии мазкур раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо иштирокдорони конфронс як қатор вохӯриҳо доир намуд.
Аз ҷумла, 6 ноябри соли 2024 мулоқоти Р.Назарзода бо Намояндаи Дабири кулли СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ҷаноби Камол Кишор ва роҳбари Дафтари минтақавии Дафтари СММ оид ба офатҳои табиӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Наталя Алонсо Кано баргузор гардид.
Зимни вохӯриҳо роҳбари Кумита барои фаъолияти муштарак ва саҳмгузорӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ изҳори сипос намуда, ҷиҳати беҳбуди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт як қатор пешниҳодҳо ба миён гузошт.
Дар навбати худ ҳамсуҳбатон ба ҳамкориҳои наздик бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
Дар натиҷаи мулоқотҳо оид ба мусоидат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои пешгирии офатҳои табиӣ, инчунин як қатор масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои минтақавӣ дар ин самт тавофуқҳо ҳосил шуданд.