Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Паоло Маттей, Намояндаи тозатаъини Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ зимни як мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳо ва татбиқи минбаъдаи тарҳҳои муштарак, вокуниш ба офатҳо, ҳамкориҳо оид ба иттилоърасонӣ ва ҳушдор ба мардум дар мавриди хатарҳо ва таҳдидҳо, омодасозӣ ва бозомӯзии кормандон, расонидани кӯмакҳои техникиро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин онҳо механизмҳои тақсими кӯмакҳо ба хонаводаҳои зарардида дар офатҳои табииро низ мавриди суҳбат қарор доданд.
Рустам Назарзода ба Паоло Маттей дар бораи вазифаҳои Кумита, сиёсати кишвар дар самти ҳолатҳои фавқулодда, дар бораи ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар бораи кор бо Гуруҳи арзёбии сареъ ва ҳамоҳангӣ дар шароитҳои фавқулодда (ГАСШФ), ки намояндагии Барномаи ҷаҳонии озуқа дар Тоҷикистон низ шомили он аст, нақл кард.
Ин мулоқот то зуҳри имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуд ва ҷонибҳо ба ин хулоса расиданд, ки механизмҳои мавҷудаи ҳамкориҳо миёни КҲФ ва Барномаи озуқаи СММ имкон медиҳад дар оянда низ ба таҳдидҳои нави ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ба таври муассир муқобилият кунанд.