Activities calendar
04 сентября 2016
Раёсати сохтмон, ҷобаҷокунии қушунҳо ва истифодабарии биноҳо
Чоп шуд: 04/09/2016 | adminНоми пурраи ин раёсат чунин аст: Раёсати сохтмон, ҷобаҷокунии қушунҳо ва истифодабарии биноҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз 17 августи соли 1994 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 400 Кумитаи ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди ҲҶТ дар заминаи Ситоди мудофиаи граждании Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва вазифаи сохтмониро шӯъбаи муҳандисию техникии Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд иҷро мекард.
Раёсати молия ва иқтисод
Чоп шуд: 04/09/2016 | adminАз соли 1994 дар Кумита оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шўъбаи молия ва тафтишот таъсис дода шуда буд. Соли 1997 Раёсати молия ва тафтишот аз соли 1999 Раёсати молия ва иқтисод номгузорӣ карда шуд.
Айни ҳол дар ҳайати Раёсати молия ва иқтисоди Кумита се шўъба ва як зершўъба: шўъбаи муҳосиботи марказӣ, шўъбаи банақшагирӣ ва маблағгузорӣ ва зершўъбаи нафақа фаъолият менамояд.
Шўъбаи муҳосиботи марказӣ
Раёсати оперативӣ ва банақшагирии сарситоди Кумита
Чоп шуд: 04/09/2016 | adminРаёсати оперативӣ ва банақшагирӣ сохтори асосии Сарситоди Кумита буда, бевосита фаъолияти хизматии Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Кумита, ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҳамаи дараҷаҳоро дар масъалаҳои тайёрии оперативӣ, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда дар давраи осоишта ва ҷангӣ танзим менамояд, ҳуҷҷатҳои асосиро оид ба омодагии оперативӣ ва банақшагирӣ таҳия мекунад, роҳбарии доимиро аз рўи гузаронидани иктишоф бо мақсадҳои мудофиаи гражданӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳ
Маркази идоракунии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Чоп шуд: 04/09/2016 | adminБо мақсади сари вақт хабардоркунии ҳайати роҳбарикунанда ва мақомотҳои идоракунандаи мудофиаи граждании мамлакат, воҳидҳои сохтории Кумита ва аҳолии Ҷумҳурӣ оид ба хатарҳои ба амал омадани ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ дошта, амалиётҳои ҷангӣ бо истифода шудани воситаҳои ҳозиразамони ҳамла ва дигар ҳолатҳо дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази идоракунии Кумита ва дар воҳидҳои сохтории он, шўъбаҳо ва шабакаҳои алоқа ва идоракунӣ ташкил карда шудааст.