Номи пурраи ин раёсат чунин аст: Раёсати сохтмон, ҷобаҷокунии қушунҳо ва истифодабарии биноҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз 17 августи соли 1994 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 400 Кумитаи ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди ҲҶТ дар заминаи Ситоди мудофиаи граждании Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва вазифаи сохтмониро шӯъбаи муҳандисию техникии Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд иҷро мекард.
Баъд аз ташкил шудани Дирексияи муттаҳидаи ҳалли масъалаҳои кӯли Сарез, соли 1997 ҳамчун фармоишгар корҳои сохтмонӣ ба ваколати ин Дирексия гузошта шуда буд ва то ташкилёбии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмониро ба уҳда дошт.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1239 аз 2 июли соли 1999 Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва яке аз сохторҳои онро Раёсати сохтмон, ҷобаҷокунии қушунҳо ва истифодабарии биноҳо ва иншоотҳо ташкил дод.
Мувофиқи Низомномаи тасдиқшуда аз 2 июли соли 2007 ва баъдан аз 6 апрели соли 2009 раёсат аз се шӯъба иборат мебошад:
- Шӯъбаи истифодабарии биноҳо ва иншоотҳо
- Шӯъбаи истеҳсолию техникӣ
- Шӯъбаи молия ва хоҷагидорӣ, ки аз моҳи марти соли 2015 ба гурўҳи молия табдил дода шудааст.
Раёсати сохтмон ҳамаи масъалаҳои марбут ба сохтмон, ҷобаҷокунии қушунҳо, истифодабарии биноҳо ва иншоотҳои Кумитаро иҷро мекунад.
Вазифаи дигари раёсат ин ҷобаҷокунии қушунҳо ва воҳидҳои сохтории Кумита буда, то ин давра ҳамаи воҳидҳои сохторӣ бо бино ва иншоотҳои худ дар асоси қарору фармонҳои Ҳукумати ҶТ таъмин карда шудаанд.
Раёсат дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- тартиб додани лоиҳаи оянда ва нақшаи солонаи сохтмони асосӣ;
- мувофақа намудани сметаи сохтмони асосӣ бо идораҳои дахлдор;
- ҳамкорӣ бо ташкилотҳои лоиҳакаш оиди бастани шартнома ва
пешниҳоди дархост барои тайёр намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳави-сметавӣ,
- бастани шартнома бо корхонаҳои пудратӣ ва таъмин намудани онҳо бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ;
- таҳияии ҳисобот аз рўи корҳои иҷрошудаи ҳуҷҷатҳои лоиҳави-
сметавӣ;
- назорати техникӣ дар иншоотҳои сохташаванда, санҷидани
сифати корҳои иҷрошуда;
- ташкил намудани гурўҳи корӣ барои санҷиши омодагии сохтмон,
пешниҳод намудани натиҷаи санҷишӣ комиссия ба комиссияи
давлатии қабул;
- гузаронидани бино ва иншоотҳои ба истифода қабулшуда ба ихтиёри сохторҳои таалуқдошта, мувофиқи тартиби муқарраршуда
пешниҳоди санадҳои қабул барои тасдиқ ба роҳбарияти Кумита;
- иштирок дар кори комиссияҳои оид ба муайян намудани зарари бар
асари офатҳои табиӣ ба иншоотҳои Кумита расида ва пешниҳоди
ҳуҷҷатҳои дахлдор оиди маблағғҳои зарурӣ барои барқароркунии
онҳо;
- тартиб додани лоиҳаи барномаи давлатии инвеститсионӣ оид ба
барқароркунӣ ва сохтмони иншоотҳои Кумита.
Дар ин давра аз ҷониби раёсат як қатор сохтмонҳо, азнавсозии бино ва иншоотҳои Кумита давра ба давра, дар асоси Барномаи рушди соҳа ба анҷом расонида шудааст.
Раёсати сохтмон дар давраи фаъолияти худ сохтмони якчанд хобгоҳҳои сарбозон ва иншоотҳои ёрирасонро дар қисмҳои ҳарбӣ сохта, ба истифода додаст. Аз ҷумла:
- Соли 2006 Ситоди ноҳияи Рашт;
- Соли 2007 Ситоди қ\ҳ 45075 дар ноҳияи Тавилдара, хати қубури об ва бинои хобгоҳи афсарон дар ноҳияи Рўдакӣ;
- Соли 2008 хобгоҳи сарбозони қ\ҳ 45075 дар ноҳияи Рашт, ошхонаи қ\ҳ 45095 ва ҳаммоми қ\ҳ 45005 дар ноҳияи Рўдакӣ;
- Соли 2010 ошхонаи қ\ҳ 45075 дар ноҳияи Рашт, хобгоҳи сарбозони қ\ҳ 45045 дар ноҳияи Рўдакӣ;
- Соли 2011 ҳаммомҳои қ\ҳ 45045 дар ноҳияи Рўдакӣ ва қ\ҳ 45989 дар ноҳияи Вахш;
- Соли 2012 хобгоҳи сарбозони қ\ҳ 45989 дар ноҳияи Вахш
- Соли 2016 хобгоҳи сарбозон ва иншоотҳои ёрирасони қисми ҳарбии 45005 ба истифода дода хоҳад шуд.
Хобгоҳи сарбозон дар қисми ҳарбии 45045 дар ноҳияи Рӯдакӣ
Хобгоҳи сарбозон дар қисми ҳарбии 45989 дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон
Хобгоҳи сарбозон дар қисми ҳарбии 45005 дар ноҳияи Рӯдакӣ
Ошхонаи қисми ҳарбии 45005 дар ноҳияи Рўдакӣ
Ба ғайр аз сохтмон корҳои азнавсозӣ ва таъмири биноҳои Кумита ва воҳидҳои сохтории он бо қувваи худӣ гузаронида шудааст.
Таъмири пурраи намои бинои Дастгоҳи марказӣ
Таъмири пурраи бинои Раёсати ақибгоҳ
Таъмири пурраи утоқҳои кори Маркази бӯҳронӣ