Ҷаласаи навбатии Гуруҳи арзёбиҳои фаврӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар ҳолатҳои фавқулодда 31-уми августи соли равон таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ширкати васеъи роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои тавсеъа, таҳким ва стратегияи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон оид ба методологияи арзёбиҳои зарар ва эҳтиёҷот қарор қабул шуд, шартҳои расонидани кумакҳои башарии байналмилалӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии мустақар дар қаламрави Тоҷикистон муайян карда шуданд.
Рустам Назарзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар суханронии худ аз ҷумла қайд кард: “Ба ҳам овардани неруҳо ва имкониятҳо ҳангоми офатҳои табиӣ ва расонидани кӯмакҳо ба эҳтиёҷмандон ин бояд шиори мо дар кори муштараки мо боқӣ бимонад”.
Ҳамчунин сарвари Кумита ба ширкаткунандагони ҷаласа дар бораи ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиие, ки аз аввали соли 2016 то ба имрӯз рух доданд, маълумот дод. Аз ҷумла, вай гуфт, ки аз моҳи январи соли равон дар қаламрави кишвар 45 офати табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 18 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Дар доираи таҳкими стратегияи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалӣ Сарвари КҲФ ба ширкаткунандагони ҷаласа пешниҳод намуд, ки имсол Рӯзи байналмилалӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табииро, ки ҳамасола рӯзи 13-уми октябр баргузор мешавад, бо роҳандозии корҳои пешигирикунандаву фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ ва мактабҳои олии кишвар бо ҷалби воситаҳои ахбори омма баргузор намоем.
Роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ дар тасмими таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти ҳолатҳои фавқулодда бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боло бурдани иқтидори КҲФ-чун мақоми ҳамоҳангсоз дар масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ, объектҳои иқтисодӣ ва қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои офатҳои табиӣ ва фалокатҳои техногенӣ ҳамфикр буданд.