Дар даҳ моҳ 20 ҳолати марги одамон бар асари офатҳои табиӣ иттифоқ уфтодааст
Чоп шуд: 15/11/2016 | adminЗарфи даҳ моҳи охир 20 ҳолати марги одамон бар асари офатҳои табиӣ ба қайд гирифта шудааст. Даҳ нафар дар натиҷаи резиши санг, 7 нафар дар сел, ду нафар дар натиҷаи ярч ва 1 нафар аз раъду барқ ҷони худро аз даст додаанд.
85 дарсади ҳодисаҳои фавти одамон бар асари офатҳои табиӣ дар вилояти Суғд иттифоқ уфтодааст, чун дар ин даҳ моҳ 44 дарсади ҳодисаҳои фавқулодда дар қаламрави ҳамин вилоят рух дода буданд.