Раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода рӯзи чоршанбе бо роҳбари тозатаъини Намояндагии Созмони Салиби Сурхи Байналмилал (НССХ ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Клаудия Аззолини ва Сарвари Бюрои САҲА дар Тоҷикистон хонум Туула Юрйола мулоқот кард.
Дар ҷараёни мулоқот Сарвари Кумита меҳмононро басо муфассал бо корҳҳои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва натиҷаҳои он дар мамлакат, ҳамчунин дар бораи фаъолиятҳои сохторҳои Кумита шинос намуд.
Дар мулоқоти аввал Раиси КҲФ аз ҳамкориҳо миёни Кумита ва Намояндагии Кумитаи Салиби Сурхи Байналмилал дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард. Вай ба Сарвари Намояндагии Салиби Сурх дар Тоҷикистон барои кӯмакҳои башардӯстонаи ин ниҳоди ҷаҳонӣ ба аҳолии зарардида дар офатҳои табиӣ дар баҳор ва тобистони соли равон миннатдорӣ намуд.
Сарвари Намояндагии Салиби Сурх дар Тоҷикистон хонум Клаудии Аззолини дар навбати худ бо боварӣ изҳор дошт, ки ҳамкориҳо миёни КҲФ ва НССХ минбаъд низ вусъат хоҳанд ёфт.
Дар мулоқот бо Туула Юрёола, Сарвари Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон як силсила масъалаҳои муҳим аз ҷумла, масъалаҳои омодасозӣ ва бозомӯзии ҳайати шахсии Кумита, интишори шумораи аввали Шарҳи вазъи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар Тоҷикистон дар соли 2016 ва дастгирии хадамоти матбуотии ниҳод дар мавриди омодасозии ҳар мақолаҳо, гузоришҳо, барномаҳои радиоӣ ва телвизионӣ дар мавзуъҳои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва ва роҳҳои бартарафсозии оқибатҳои офот ва ғайра баррасӣ шуданд.
Хонум Юрйола изҳор дошт, ки САҲА дар оянда низ бо Кумита ҳамкориҳояшро тақвият медиҳад ва дар ҳамкорӣ барои ҳалли мушкилоти пешомада мусоидат мекунад.