Зарфи даҳ моҳи охир 20 ҳолати марги одамон бар асари офатҳои табиӣ ба қайд гирифта шудааст. Даҳ нафар дар натиҷаи резиши санг, 7 нафар дар сел, ду нафар дар натиҷаи ярч ва 1 нафар аз раъду барқ ҷони худро аз даст додаанд.
85 дарсади ҳодисаҳои фавти одамон бар асари офатҳои табиӣ дар вилояти Суғд иттифоқ уфтодааст, чун дар ин даҳ моҳ 44 дарсади ҳодисаҳои фавқулодда дар қаламрави ҳамин вилоят рух дода буданд. Дар навоҳии гуногуни вилояти Суғд дар натиҷаи ҳодисаҳои мухталифи фавқулодда 17 нафар ҷонашонро аз даст доданд.
2 нафар дар вилояти Хатлон ва 1 нафар дар минтақаи Қаротегин ба ҳалокат расиданд.
Қиёси оморҳо нишон медиҳанд, ки дар нуҳ моҳи соли 2015 35 ҳолати фавти одамон бар асари офатҳои табиӣ ба қайд гирифта шуда буд ва 43 дарсади фавти одамон (15 нафар) дар қаламрави водии Ҳисор рух дод.
Соли гузашта дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд 9 нафар, дар ВМКБ 8 нафар ва дар минтақаи водии Рашт 3 нафар ҷон додаанд.