Дар Агентии бехатарии атомӣ ва радиатсионии назди Академияи илмҳои Тоҷикистон семинари серӯзаи “Арзёбиҳои таҳдид ва таҳдиди лоиҳавӣ” ба кори худ анҷом дод, ки дар он кормандони Кумитаи ҳолатҳои фаввқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуданд.
Мавзуъи аслии семинар баррасии қоидаҳои таъмини ҳимояи физикии маводҳои ядроӣ ва радиоактивӣ ҳангоми офатҳои табиӣ ва техногенӣ буд.
Кормандони КҲФ дар бораи таҷрибаҳо ва омӯзишҳояшон дар ин бора ва таҳлили корҳои анҷомдодашуда зарфи чанд соли охир баромад карданд.
Дар кори семинар намояндагони Агентии бехатарии ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (Маркази саратоншиносӣ ва Институти гастроэнтрологӣ), Институти физикӣ-техникии Академияи илмҳои Тоҷикистон ширкат карданд.
Семинарро намояндагони Созмони ҷаҳонии энержии атомӣ Иван Горинов ва Виктор Пашченко гузарониданд.