Созмони ҷаҳонии мудофиаи гражданӣ ягона ташкилоти байналмилалист, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ чун ниҳоди мудофиаи гражданӣ фаъолият мекунад.
Дар айни замон 52 кишвари олам дар ин созмон узвият доранд, 17 кишвар чун нозир ва 17 мамлакати дигар узви вобастаи онанд.
Созмони ҷаҳонии мудофиаи гражданӣ соли 1931 аз ҷониби генерали хадамоти тиббии Фаронса Жорж Сен-Пол бо номи “Анҷумани минтақаи Женев” ташкил шудааст.
Чаро бо чунин унвон? Женева зодгоҳи Анр Дюнан, бунёдгузори Салиби Сурх аст ва минтақаи таҳти назар минтақае буд, ки бетараф ва аҳолии хасташуда аз ҷанг ва ё осебдидаву таҳти хатар қарордошта дар он паногоҳ меёфтанд.
Бунёдгузоронаш дар ибтидо ба ташкили ҳимояи аҳолӣ дар майдонҳои ҷанг, кӯмак ба осебдидагон ва барқарорсозии баъзе аз харобиҳое, ки ба ҳаёти инсонҳо садама ворид мекунад, машғул буданд. Ин созмон бо мутахассисоне таъмин буд, ки метавонистанд ин гуна корҳоро бо дарки масъулият анҷом диҳанд. Яъне, аксари онҳо ҳарбиёне буданд, ки барои ҳимояи шаҳрвандони бесилоҳ чораҷӯӣ мекарданд.
Аввалин аъзои ин созмон кишварҳои аврупоӣ буданд.
Соли 1935 бо ташаббуси Анҷумани “Минтақаи Женев” парламони Фаронса бо қабули қарор аз Лигаи миллатҳо хост “имкониятҳои дар ҳар кишвар ташкил намудани минтақаҳои озоду бетарафро, ки аз минтақаҳои ҷангзада одамон дар он паногоҳ ёбанд, баррасӣ кунад”. Ин аввалин талоши густариши таҷрибаи Анҷумани “Минтақаи Женев” ба ҷаҳон буд.
Соли 1937 бунёдгузори он генерал Сен-Пол аз олам даргузашт ва худи ҳамон сол васияти ӯ дар мавриди аз Порис ба Женев интиқол додани маркази созмон иҷро шуд.
Анҷуман солҳои ҷанги граждании Испания ва замони муқовимати низомӣ миёни Ҷопон ва Чин дар соли 1937 фаъолиятҳои густарда ва қобили таваҷҷуҳ дошт. Он солҳо ба онҳо муяссар шуд, ки дар Мадрид ва Билбао ва Шонҳою Нанкин минтақаҳои озоду бетараф созанд ва аҳолии осебдида дар ҷангҳоро ба он ҷойҳо кӯчонанд ва фирориёни ҷангҳоро паногоҳ диҳанд.
Аммо дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон ҳамаи талошҳои бунёди ин гуна минтақаҳо барбод рафт, чун ягон тараф моил набуд ин гуна минтақаи амн дошта бошад ё минтақаи амни тарафи дигарро эътироф намояд.
Баъди анҷоми ҷанг дар соли 1949 Конфронси дипломатии Женева Конвенсияи ҳимояи аҳолии осоишта дар замони ҷангро қабул кард.
Соли 1958 “Анҷумани минтақаи Женев” ба Созмони ҷаҳонии мудофиаи гражданӣ табдили ном кард.