COVID-19: Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон намуд, ки то охири моҳи феврал ба Тоҷикистон 732 ҳазор доза воксани AstraZeneca/Oxford ворид хоҳад кард
Чоп шуд: 19/02/2021 | redaktor
Дар олам 110 миллиону 840 ҳазору 990 нафар олуда ба коронавирус шуданд ва аз ин беморӣ то кунун 2 миллиону 452 ҳазору 623 нафар ҷон бохтанд. Дар шабонарӯзи гузашта боз 141 ҳазору 530 нафар ба КОВИД-19 мубтало гаштанд ва аз он 5 505 нафар фавтиданд. Теъдоди пурра муолиҷашудагон 85 миллиону 791 ҳазору 347 нафар эълон шуд ва дар айни замон 95 684 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.