Мавсими тарма фаро расид. Чӣ бояд кард, то аз хатарҳо эмин бимонем?

тарма

Зимистони кишвар ҳарчанд аз оғоз бебориш буд, вале ҳоло барфу борон дар ҳама минтақаҳо башиддат меборад ва хатарҳо дар роҳҳо бештар мешавад. Як хатари маъмул дар зимистон ва оғози баҳор лағзиши тарма аст. Ин офатест, ки ногаҳонӣ сарозер мешавад ва метавонад ҳамаро ғофилгир кунад.

Таърихи башар ҳодисаҳои зиёдеро дар ёд дорад, ки тармаҳои шадиду вазнин деҳаву шаҳрҳоро ҳам хароб кардаанд ва садҳо нафарро ба коми марг кашидаанд.

Дар шароити Тоҷикистон низ омадани тарма ҳодисаи барои ҳамагон ошност. Мо ҳамасола шоҳиди лағзиши зиёди тарма мешавем, ки баъзан паёмадҳои вазнин ҳам дорад. Аз ҷумла тарма метавонад барои муддате роҳҳоро бандад, ҳаракати мошинҳо ва одамонро ба мушкил рӯ ба рӯ созад.

Ҳоло мехоҳем дар ҳамин иртибот баъзе тавсияҳои бехатарӣ ироа кунем, то ронандагону мусофирони ҳангоми сафар онро риоя кунанд ва аз хатарҳои эҳтимолӣ пешгирӣ кунанд.

ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ

  • ҳангоми номусоид будани обу ҳаво ба кўҳҳову доманакўҳҳо сафар накунед;
  • агар барои зарурате лозим шуд кўҳ равед, пас ҷиддан ба тағйироти обу ҳаво диққат диҳед;
  • вақте ба кўҳ мебароед, минтақаҳои тармахезро дар роҳи сафари худ бояд донед;
  • талош кунед ба он қисмат аз кўҳҳо ва доманакўҳҳо, ки хавфи лағжиши тарма доранд, наравед;
  • маъмулан, ҳамеша ниҳодҳои вобаста ба обу ҳаво ва наҷот (дар Тоҷикистон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Агентии ҳавошиносӣ, ВКД...) шаҳрвандонро аз вазъи ҳаво ва маконҳои пурхатару тармахез аз қабл огоҳ мекунанд. Агар шумо майли сафари кўҳ доред, пас аввал ба ахбори манбаъҳои вобаста ба ин ниҳодҳо диққат диҳед.
  • ва агар рафту шуморо хатари зери тарма мондан таҳдид мекунад, бояд аввал аз борхалта ва ҳар чизе доред, ҷудо шавед (ин корро бояд зуд анҷом диҳед ва ҳатто, зарур аст бо корд банди онро буред).
  • агар шумо лижаронед, бояд ҳатман лижа ва чўбдасти лижарониро низ раҳо кунед.
  • агар зери тарма мондед, талош кунед аз зер ба боло ҳаракат кунед. Ва агар дар дохили барфтўда мондед, пас хуб аст, ки тибқи қоидаҳои шиноварӣ ҳаракат намоед.
  • баъди он ки тарма дар ҷойе қарор гирифту аз ҳаракат монд, аввалин коре, ки бояд анҷом диҳед, он бошад, ки барои худ муҳити нафаскашӣ созед, дастонатонро аз барф берун кунед, то имдодгарон шуморо дида тавонанд. Агар дар қаър мондед, пас хубтар он аст, ки камтар ҳаракат кунед, то оксиген бароятон захира монад, қуввати ҳаракат дошта бошед.
  • агар мехоҳед фарёд кунед, садо бароред, пас бояд тарзе ин корро анҷом диҳед, ки барф ба даҳони шумо ворид нашавад, роҳи нафасатонро набандад.

АММО БОЯД ДОНЕД: тавре касони зери тарма мондаву зинда беруншуда шаҳодат медиҳанд, садо аз зери барфтўда берун намешавад ва доду фарёди шуморо берунбудагон намешунаванд.

P.S. Зарфи 6 соли охир (солҳои 2018-2023) дар Тоҷикистон 1454 ҳодисаи лағжиши тарма ба қайд гирифта шуд. Дар ин ҳодисаҳо 44 нафар ҷон бохт. Имдодгарон 44 нафарро аз зери тарма наҷот доданд. Соли 2019 кормандони наҷоти Кумита 235 нафар шаҳрвандро дар ҳолатҳои гуногун аз хатар наҷот доданд, ки 17 нафари онҳо бар асари тарма зери барф шуда буданд.

Б.Шафеъ

барчасп: