Дар Раёсатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ ба муносибаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ намоиши ҳунарҳои дастии кормандон баргузор гардид.
Ғайр аз ин дар ҳар раёсат намудҳои гуногуни либоси миллӣ, аз ҷумла пироҳанҳои зардӯзӣ, тоқиҳои мухталиф, зарфҳои гуногун ва маҳсулоти дигар ба намоиш гузошта шуданд.
Дар ин чорабиниҳо ҳамчунин хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ ширкат варзиданд.
Бонувони Кумита санъати волову рақси зебои тоҷикиро нишон доданд, ҳамчунин ороиши дастурхони идонаи наврӯзӣ, пӯшидани сару либоси миллӣ бахши дигар аз тадорукоти наврӯзӣ буд, ки дар ҳамаи Раёсатҳои Кумита ба намоиш гузошта шуд.
Барои асли наврас ин ҳама чорабиниҳо беҳтарин намунаи ватандӯстӣ ва риояи арзишҳои фарҳанги миллӣ буд.