Чор куштаву ду маҷрӯҳи як садамаи маргбор дар Деваштич. Се нафар ҳалокшудагон узви як хонадон буданд
Чоп шуд: 07/01/2022 | admin
Бар асари як садамаи маргбор дар даромадгоҳи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд се нафар ба ҳалокат расиданд ва ду тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Мошинҳо ба ҳам бархӯрданд. Сабаби ин садама пурра таҳқиқ нашудааст, вале ба гумони ғолиб риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ буд, ки сабабгори ба ҳам задани ду мошин шудааст. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи