11 марти соли 2022 дар километрҳои 64, 65 ва 66 роҳи мошингарди Душанбе –Варзоб, 80200, километрҳои 154 ва 165 роҳи Душанбе – Айнӣ, ҳамчунин дар километри 8-уми роҳи Хоруғ-Ишкошим ва километри 622 роҳи Хоруғ-Мурғоб лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Тарма муваққатан ҳаракати ҳар гуна воситаи нақлиётӣ номумкин кард. Дар ин тармалағзишҳо талафоти ҷониву хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст.
Барои рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёт техникаи махсус ҷудо карда шуд ва роҳи Хоруғ – Ишкошим дар айни замон боз шудаву мошинҳо ба ду самт дар ҳоли ҳаракатанд.
Корҳои поксозии роҳ аз барфтӯда дар роҳҳои Душанбе – Хуҷанд ва Хоруғ Мурғоб идома доранд.
Чанд лаҳза пеш ширкати IRS хабар дод, ки ҳаракати нақлиёт аз самти Хуҷанд ба Душанбе шуруъ шуд. Каме пас ҳаракати мошинҳо ба ҳарду ҷониб иҷозат дода мешавад.
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳҳои Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе – Ванҷ шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд.
КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки аз сафарҳои безарурат дар роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд, аз роҳандозии корҳои кишоварзӣ, чорвочаронӣ, ҷамъоварии ҳезум, ҷамъоварии гиёҳ, моҳидорӣ ва шикор дар манотиқи кӯҳистон низ муваққатан даст кашанд.
Хеле эҳтиёткор бошед ва тавсияҳои КҲФ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати нақлиёт, ширкати IRS - ро риоя кунед.