Филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран иттилоъ дод, ки ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ аз ду ҷониб имконпазир шуд. Паёмадҳои тарма рафъ, роҳ боз шуд ва ҳоло мошинҳо аз ҳарду ҷониб дар ҳоли ҳаракатанд.
Бориши барфу борони шадид сабаби лағзиши тарма дар ин шоҳроҳи бузурги кишвар шуда буд ва муддати бештар аз ду рӯз лозим омад то бо талоши имдодгарони КҲФ, кормандони хадамоти роҳи “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД”, БДА-и ВКД ин роҳ аз барфтӯдаҳо пок шавад ва ба ҳаракати мошинҳо иҷозат дода шавад.
Танҳои рӯзи гузашта аз 18 ҳодисаи лағзиши тарма дар роҳҳои мухталифи кишвар хабар дода мешуд. Аз ҷумла, 9 марти соли 2022 дар роҳи мошингарди Душанбе – Варзоб (километрҳои 57, 58, 67,68 ва 71), Душанбе - Хоруғ (километрҳои 478 ва 497), Хоруғ-Ишкошим (километри 29) ва роҳи Душанбе – Хоруғ – Мурғоб (километри 58) лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.
Барои тоза кардани роҳ аз барфтӯда хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» (IRS) ва наҷотдиҳандагони КҲФ, ки шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд, талошҳои зиёд харҷ кардаву барои рафъи паёмадҳои тарма дастбакор шудаанд.
Дар километри 237-уми шоҳроҳи Дарвоз – Ш.Шоҳин – Кӯлоб, ки аз ҳудуди деҳаи Анҷирободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон мегузарад, дар натиҷаи боришоти зиёд сангрезӣ низ ба қайд гирифта шуд. Бо ҷидду ҷаҳди коркунони Вазорати наклиёт оқибатҳо бартараф карда шуданд, роҳ кушода шуд.
Ёдовар мешавем, ки хатари фаромадани тарма, омадани сел, сангрезӣ, боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва обанборҳо то охири ҳафта боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки аз сафарҳои безарурат дар роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд, аз роҳандозии корҳои кишоварзӣ, чорвочаронӣ, ҷамъоварии ҳезум, ҷамъоварии гиёҳ, моҳидорӣ ва шикор дар манотиқи кӯҳистон низ муваққатан даст кашанд.
Хеле эҳтиёткор бошед ва тавсияҳои КҲФ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати нақлиёт, ширкати IRS - ро риоя кунед.
Бо вуҷуди он ки роҳҳо боз шуданд, вале хатари лағзиши тарма ва резиши санг бар асари гармии дамои ҳаво рафъ нашудааст. Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як бори дигар аз аҳолӣ даъват менамояд, ки то ҳадди имкон аз сафар, сайругашт дар минтақаҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум, гиёҳҳои шифобахш ва занбӯруғ, моҳидорӣ, шикор ва чаронидани чорво худдорӣ намоянд.
Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ё дар қитъаҳое, ки хавфи резиши сангу лағзиши тарма доранд, қоидаҳои ҳаракати роҳро ҷиддан риоя кунанд.
Илова бар ин, КҲФ аз аҳолии муқими доманакӯҳҳо ва манотиқи кӯҳистонӣ хоҳиш мекунад, ки ба ҳолати бомҳо диққат диҳанд. Хасу хасрӯбаҳоро сари вақт аз ҷӯйборҳо тоза кунанд, то оби зиёди борон ба ҳавлиҳо ворид нашавад.
Волидон бояд ба фарзандони хурдсолашон диққат диҳанд. Дар чунин рӯзҳо беназорат гузоштани онҳо хатар дорад ва ҳаргиз нагузоранд, ки тани танҳо лаби наҳру каналҳо раванд. Агар онҳо ба мактаб мераванд, пас аз эҳттимоли ҳар хатари вобаста ба боду борони баҳорӣ огоҳ созед.
Дар ҳоли пеш омадани кадом як ҳодисаи фавқулодда бо телефонҳои: 112, 223 13 11: 221 91 19 ва 93 880 28 19 муроҷиат кунед!