Раҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо ба муносибати ҷашни касбиатон – 110-умин солгарди матбуоти тоҷик табрику таҳният мегӯянд.
Ин ид одамони касбу кори гуногун: рӯзноманигорон, муҳаррирон, ноширон, коркунони нашриётҳо, паҳнкунандагони нашрияҳои чопй — онҳоеро, ки фаъолияташон яке аз ҳуқуқҳои асосии шаҳрвандон — озодии суханро таъмин мекунад, ба ҳам меоварад.
Воситаҳои ахбори омма дар шароити муосир ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа таъсири назаррас доранд.
Бидуни ошкорбаёнӣ ва огоҳии холисона давлати ҳуқуқбунёдро бунёд кардан ғайриимкон аст, аз ин рӯ, дар ин ҷашни касбӣ ба тамоми кормандони ВАО ва нашриётҳо барои заҳм ату талошҳои созандаашон изҳори сипос намуда, ба онҳо саломатӣ, хушбахтӣ, хонаободӣ, муҳаббат, ғояҳои наву тозаву поённопазир, илҳоми саршор ва комёбиҳо таманно намоем.