ЁДИ ТАЪРИХ. Заминларзаи Ҷопон, моҳи марти соли 2011

11-уми марти соли 2011 зилзилаи шадид бо қувваи 9 балл тибқи ҷадвали Рихтер Ҷопонро ларзонд, ки ин мудҳиштарин ва пурқудраттарин зилзила дар таърихи ин кишвар дониста шудааст.

Ба дунболи такони шадиди замин шаҳрҳои ба соҳили обҳои шарқии Ҷопон наздикро мавҷи азими сунамӣ фаро гирифт. Аммо фоҷеа бо ҳамин ба поён нарасид. Баъди чанд лаҳзаи дигар дар нерӯгоҳи ҳастаии “Фукусима-1” садамае рух дод, ки дар олам собиқа надошт.

Муфасал ба ин  матбал руҷуъ кунед: ЁДИ ҚУРБОНИЁНИ ЗИЛЗИЛА, СУНАМӢ ВА ФОҶЕАИ ҲАСТАӢ ДАР ҶОПОН

 

ВА ДУ РӮЙДОДИ ДИГАРЕ, КИ НИЗ МОҲИ МАРТ ИТТИФОҚ УФТОДА БУД

8 – уми марти соли 2014 ҳавопаймои Malaysia Airlines, ки ба самти Пекин дар ҳоли ҳаракат буд, баъди 40 дақиқаи ба ҳаво хестан аз Куала-Лампура аз назари радарҳо нопадид гашт. Баъди чанд соати қатъ шудани иртибот ва талошҳои нобарор барои пайдо кардани ҳавопаймо дар ҳаво раёсати нақлиёти ҳавоии Куала-Лампура бонги хатари “фалокат” зад. Аввалин амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот дар баҳри Ҷини Ҷанубӣ оғоз шуд ва баъдан дар гулӯгоҳи Малок ва уқёнуси Ором идома ёфт. Аммо ин ҳама талошҳо ҳеч муваффақияте надошт ва моҳи апрели ҳамон сол ҷустуҷӯи он қатъ шуд. Моҳи август корҳои ҷустуҷӯ аз сар гирифта шуданд, вале боз ҳам бенатиҷа. Солҳои 2015-2016 дар соҳилҳои Реюнон шикастапораҳои ҳавопайймо мушоҳида шуданд. Вале ҷойи аслии суқути ин ҳавогард ва сабабу иллатҳои садама муайян нашуданд.

9 март дар вилояти Аргентинии Ла-Риоха, наздикии нуқтаи аҳолинишини Виля – Кастели ду чархбол ба ҳам заданд. Дар натиҷа ҳашт шаҳрванди Фаронса ва ду шаҳрванди Аргентин ба ҳалокат расиданд. Кушташудагон мебоист дар як шоуи зистан дар шароитҳои вазнин ширкат мекарданд. Дар миёни ҳалокшудагон Қаҳрамонбонуи бозиҳои Олимпии соли 2012 дар шиноварӣ Камил Мюффа, дорандаи медали бринҷии Бозиҳои 2008 Алексис Вастен ва варзишкори маъруф Флоранс Арто низ буданд.

барчасп: