Рӯйдодҳои олам: Таҳдиди хатари бомб ба ҷони 10 ҳазор нафар, гармои сӯзанда дар Булғористон ва Аризона

Бомби солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ба ҷони 10 ҳазор нафар таҳдид мекунад
Дар Лаҳистон наздик ба 10 ҳазор нафарро аз тарси инфиҷори бомби солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон коргузошташуда ба ҷойи амн интиқол медиҳанд. Бино ба гуфтаи коршиносон вазни ин бомб 500 кило буда, тақрибан 220 кило маводи тарканда дорад.
Намояндаи маъмурияти шаҳри Белосток, ки бомб он ҷо ёфт

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Гармои то 43 дараҷа метавонад хатарҳое ба дунбол дошта бошад

Панҷ рӯзи гарми оянда, ки дар назар аст ҳарорати ҳаво то 43 дараҷа боло равад, барфу пиряхҳо об мешаванд, оби рӯдхонаҳо афзун гашта, хатари омадани сел ва резиши сангреза меафзояд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии кишвар хабар медиҳад, ки аз 6-ум то

Сел ва бодҳои тӯфонӣ сокинони баъзе манотиқи кишварро такон доданд

Боронҳои шадиди селовар, бодҳои тӯфонӣ, лойобаву сангрезиш бори дигар дар баъзе манотиқи кишвар сокинонро ба изтироб овард. Баъзе хонаводаҳои зарар диданд, дар манотиқи дигар ҳаракати мошинҳоро ба самти ноҳия муддате мутаваққиф кард. Зарари расида ҳисоб мешавад, ба зарардидагон кӯмак мерасад. Ситодҳои муштарак шабонарӯзӣ фаъоланд.

Дар Челябинск бар асари чаппа шудани як қоиқ ҳафт нафар ба ҳалокат расиданд

Дар вилояти Челябински Русия бар асари чаппа шудани қаиқ ҳафт нафар ба ҳалокат расиданд. Гуфта  мешавад, ки дар киштӣ 9 нафар савор буданд: як марди бузургсол ва 8 кӯдак.
Дар натиҷа он мард, чор кӯдак ва ду касе, ки қасди наҷоти онҳо доштанд, ҳалок шуданд. 
Гуфта мешавад, ки ду нафар аз ҷумлаи ҳалокшудагон ҳангоми ин ҳодиса дар соҳил қарор доштанд ва талош карданд, ғарқшудагонро наҷот диҳанд.

Парвози даҳҳо ҳавопаймо дар фурудгоҳҳои шаҳри Маскав боздошта шуд

Як шаҳрванди Ӯзбекистон дар шаҳри Маскав аз таъсири раъду барқ ба ҳалокат расид. Теъдоди зарардидагон дар тӯфони пойтахти Русия аз бист нафар бештар шуд. 

Парвози бештар аз 130 ҳавопаймо аз фурудгоҳҳои шаҳри Маскав бар асари ҳавои номусоид боздошта шудааст. Бино ба хабари дафтари матбуотии Росавиатсия фазои парвоз бар асари резиши бесобиқаи борон ҳамоно барои парвозҳо

Страницы