Дар вилояти Челябински Русия бар асари чаппа шудани қаиқ ҳафт нафар ба ҳалокат расиданд. Гуфта мешавад, ки дар киштӣ 9 нафар савор буданд: як марди бузургсол ва 8 кӯдак.
Дар натиҷа он мард, чор кӯдак ва ду касе, ки қасди наҷоти онҳо доштанд, ҳалок шуданд.
Гуфта мешавад, ки ду нафар аз ҷумлаи ҳалокшудагон ҳангоми ин ҳодиса дар соҳил қарор доштанд ва талош карданд, ғарқшудагонро наҷот диҳанд.
Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия гуфтааст, ки ин ҳавз аслан барои оббозӣ пешбинӣ нашуда буд. дар гузориши дафтари мтабуотии ин ниҳод омадааст: “Бо нақзи ҳама гуна қоидаҳои шиноварӣ чанд нафар хостанд қаиқеро, ки дар соҳил мехобид, истифода баранд ва дарунтари ҳавз шино намоянд. Ягон нафар аз наҷотдиҳандагон камзӯли шиноварӣ ба бар накард, зеро он аслан вуҷуд надошт. Ҳангоми гаштугузор қаиқ аз сабаби бори вазнин чаппагардон шуд”.
Ин ҳавз мутааллиқ ба яке аз ғарқшудагон будааст.
Мақомоти интизомї гуфтаанд, ки аз рӯйи ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.