Рӯйдодҳои олам: Таҳдиди хатари бомб ба ҷони 10 ҳазор нафар, гармои сӯзанда дар Булғористон ва Аризона

Бомби солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ба ҷони 10 ҳазор нафар таҳдид мекунад
Дар Лаҳистон наздик ба 10 ҳазор нафарро аз тарси инфиҷори бомби солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон коргузошташуда ба ҷойи амн интиқол медиҳанд. Бино ба гуфтаи коршиносон вазни ин бомб 500 кило буда, тақрибан 220 кило маводи тарканда дорад.
Намояндаи маъмурияти шаҳри Белосток, ки бомб он ҷо ёфт шудааст, мегӯяд дар айни замон ба ҷони сокинон таҳдид хатар нест, вале ин гуна хатар ҳангоми безараргардонии бомб ба вуҷуд меояд.

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ тақрибан 10 ҳазор нафар бояд ба макони  дигар интиқол дода шаванд. Қарор аст ин бомби хатарнокро аз қаъри замин бо ёрии кран боло бардоранд ва дар мошини махсус омодашуда ба тамрингоҳи ҳарбии Ожише баранд. 

Марги дорбоз дар Испаниё

Дар фестивали Испониё як дорбоз аз баландии 28 метр сарнагун ва ба ҳалокат расидааст.  Ин фестивал бо номи Mad Cool дар пойтахти Испания мегузашт.

Ин мард дар қафасе барномаи худро иҷро мекард, ки болои сари анбуҳи одамон овезон буд. Ногаҳон аз маконаш поин шуд ва ба замин зад. Бинандагон дар аввал гумон карданд, ки ин ҳам бахше аз барномаи ӯст, вале беҳаракат дар замин хобиданаш одамонро нигарон кард.

Ба ӯ кӯмаки тиббӣ расонда шуд, вале хеле зуд ҷон дод.  

Дар иёлоти Аризонаи ИМА ҳарорати ҳаво ба ҳадди рекордии соли 1905 расид.

Мақомоти расмии Иёлоти Аризонаи ИМА эълон карданд, ки гармои шадид ба ҳадди рекордии соли 1905 расид. Тибқи ин маълумот дар маркази иёлот ва атрофи он ҳаво 47 дараҷа гарм шуд ва мегӯяд 112 сол пеш дар ин минтақа ҳамин гуна гармои шадид ба қайд гирифта шуда буд.

Ҳар сол моҳи  июл ҳарорати гармо аз 41 дараҷа боло намешуд. Аз ин пештар бар асари гармои шадид ҷангалзор дар ИМА оташ гирифт. Оташсӯзии ҷангалзорон дар иёлотҳои Орегон, Невада, Ню-Мексико ва Калифорния ба қайд гирифта шуда буд. Мақомот мегӯяд ин гармои шадид ҳудудан 7000 гектар ҷангалро нобуд кард. 

Дар Крит бар асари гармои шадид беш аз 20 нафар ба бемористон интиқол ёфтанд

Гармои тоқатфармо дар Крит (калонтарин ҷазираи Юнон) 20 нафарро роҳии бемористон кард.  Аз ҳодисаи маргумири афрод бар асари ин гармо хабар дода мешавад.  Аз ҷумла, як марди солманд ба ҳалокат расидааст. Як роҳиби калисо низ аз гармии беш аз ҳадди интизор зарар дидааст ва ӯро ба бемористон дар ҳоли вазнин интиқол додаанд.

Дар пойтахти Булғористон низ ҳарорати ҳаво 44 дараҷа гарм аст, ҳатто дар баъзе аз вилоёти ин кишвар эълон шудааст, ки гармо хати сурхро убур кардааст ва ба ҷони одамон таҳдид мекунад. Духтурон ба сокинон тавсия додаанд, ки бидуни зарурат аз хонаҳояшон берун нашаванд. 

барчасп: