Як шаҳрванди Ӯзбекистон дар шаҳри Маскав аз таъсири раъду барқ ба ҳалокат расид. Теъдоди зарардидагон дар тӯфони пойтахти Русия аз бист нафар бештар шуд.
Парвози бештар аз 130 ҳавопаймо аз фурудгоҳҳои шаҳри Маскав бар асари ҳавои номусоид боздошта шудааст. Бино ба хабари дафтари матбуотии Росавиатсия фазои парвоз бар асари резиши бесобиқаи борон ҳамоно барои парвозҳо номусоид аст. Барои таъмини амнияти мусофирон тасмим гирифта шудааст, ки муваққатан ин парвозҳо боздошта шаванд.
Тибқи хабарҳои дигар тӯфонҳои паёпай ва бодҳои шадид муҷиби афзоши сафи зарардидагон шудаанд. Гуфта мешавад, ки то ин лаҳзаҳо бештар аз 20 нафар ба бунгоҳҳои тиббӣ муроҷиат кардаанд.
Интерфакс ахиран хабар дод, ки як шаҳрванди 42-солаи Узбекистон дар шаҳри Маскав аз таъсири раъду барқ ба ҳалокат расидааст.
Ахиран мутахассисони созмони обуҳавошиносии Русия гуфтаанд, ки пойтахти ин кишвар дар як рӯз 90 дарсад меъёри моҳонаи боришотро дарёфт кардааст.
Тӯфон ва ҳавои боронии шадид дар Маскав рӯзи ҷумъа оғоз шуд ва дар як лаҳза ҳаракат дар кӯчаву хиёбонро ба мушкил рӯ ба рӯ сохт. Коршиносон мегӯянд ҳавои боронии рӯзи ҷумъа ва субҳи рӯзи шанбе дар таърихи даҳ соли охири пойтахти давлати Русия собиқа надошт.