Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!
Чоп шуд: 02/11/2016 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба маълумоти идораи обуҳавосанҷии кишвар сокинон ва меҳмонони ҷумҳуриро огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 3-ум ва 4-уми ноябри соли равон дар қаламрави кишвар (ба истиснои ВМКБ) коҳиши ҳарорат ва вазъи ҳаво дар назар аст.
Дар ин ду рӯз борон, дар манотиқе шамоли сахт пешбинӣ мешавад.