Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими анҷоми давраи омӯзишӣ оид ба такмили ихтисоси ҳайати афсарони Кумита, ки коршиносони Созмонҳои байналмилалии мудофиаи гражданӣ роҳандозӣ карда буданд, баргузор шуд.
Ҷанишини Раиси Кумита М.Салимзода дар сухани ҷамъбастии худ ба ҳайати мураббиён ҷиҳати баргузории ин давраи муфиди омӯзишӣ барои афсарон изҳори сипос намуд. Вай гуфт, ки имрӯз беш аз ҳар вақти дигар зарурати рушди касбии кормандон пеш омадааст. Доштани омӯзишҳои лозим ва малакаву таҷриба муҷиби пешрафт дар корҳои пешгирӣ аз офатҳо ва бартарафсозии онҳо мешавад.
Ин аст, ки дар Кумита ба омодагии касбӣ ва такмили ихтисоси кормандон эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Яке аз роҳҳои муфид дар ин самт ташкили давраҳои омӯзишӣ мебошад.
Ҷонишини Раиси Кумита ҳамчунин сатҳи баланди ташкил ва баргузории семинар ва омодагии касбии омӯзгоронро зикр кард. Вай ба Созмонҳои байналмилалии мудофиаи гражданӣ барои фаъолиятҳои ояндаашон барор хост.
Ҳамзамон бо ин дар як вазъи тантанавӣ ба ширкаткунандагони давраи омӯзишӣ тибқи барнома сертификатҳо супурда шуданд.
Дар ин омӯзишҳо дар маҷмуъ 44 нафар кормандони Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Кумитаи ҳалатҳои фавқулодда иштирок карданд ва муддати 6 рӯз малакаҳои касбии худро такмил доданд.