44 нафар афсарони КҲФ дар анҷоми омӯзиши шашрӯза соҳиби сертификат шуданд
Чоп шуд: 28/10/2016 | adminИмрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими анҷоми давраи омӯзишӣ оид ба такмили ихтисоси ҳайати афсарони Кумита, ки коршиносони Созмонҳои байналмилалии мудофиаи гражданӣ роҳандозӣ карда буданд, баргузор шуд.
Ҷанишини Раиси Кумита М.Салимзода дар сухани ҷамъбастии худ ба ҳайати мураббиён ҷиҳати баргузории ин давраи муфиди омӯзишӣ барои афсарон изҳори сипос намуд.