Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҷиҳати ширкат дар як ҳамоиши осиёӣ рӯзи душанбе ба Ҳинд сафар кард.
Қарор аст ин конфронс аз фардо, 2-уми ноябр дар пойтахти Ҳинд шаҳри Деҳлӣ оғоз шавад ва аввали ҳафтаи оянда ба кори худ поён диҳад.
Аввалин рӯзи Конфронс таҳти раисии генерал Назарзода мегузарад ва Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон масъалаҳои коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва нақша-чорабиниҳо дар доираи барномаҳои коҳиши хатари Сендай барои офатҳои табиӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Ғайр аз ин, роҳбари Кумита ба иштирокчиёни конфронс оид ба натиҷаҳои фаъолияти корӣ дар доираи Эъломияи Душанбе, ки дар ҷаласаи якуми Платформаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози ҷанубӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ қабул шуда буд, маълумот пешниҳод менамояд.
Маврид ба ёдоварист, ки ҷаласаи якуми Платформаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози ҷанубӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ 12 то 14 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд.
Як ҳадафи дигари ширкати Раиси Кумита дар конфронси мазкур ин ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба саъю кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва баргузории як силсила мулоқот бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои маблағгузор ба хотири ҷалби кумакҳои башарӣ мебошад.
Дар Конфронси Деҳлӣ аз 54 кишвари ҷаҳон намояндагон ширкат мекунанд.