Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба маълумоти идораи обуҳавосанҷии кишвар сокинон ва меҳмонони ҷумҳуриро огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 3-ум ва 4-уми ноябри соли равон дар қаламрави кишвар (ба истиснои ВМКБ) коҳиши ҳарорат ва вазъи ҳаво дар назар аст.
Дар ин ду рӯз борон, дар манотиқе шамоли сахт пешбинӣ мешавад.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо то ба 10-15° дараҷа паст мешавад. Дар ноҳияҳои куҳӣ ва наздикуҳӣ боронҳои шадид меборанд.
4-уми ноябри соли равон дар ноҳияҳои марказии тобеъи ҷумҳурӣ ва дар ҷануби кишвар ҳавои гарду чанголуд дар назар аст.
Ин гуна ҳавои тағйирёбанда роҳандозии корҳои кишварзӣ, молчаронӣ дар саҳро ва нигоҳдории чорво дар чарогоҳҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад. Душвориҳое ба кори нақлиёт дар роҳҳо ба вуҷуд меорад, ҳамчунин кори муназзами хадамоти алоқа, энержӣ ва коммуналиро мушкил мегардонад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: бо таваҷҷуҳ ва эҳтиёткор бошед!