Таваҷҷуҳ: Гармои шадид!
Чоп шуд: 14/06/2017 | adminАз 16 то 18-уми июн ҳавои беш аз 40 дараҷа гарм метавонад барфу пиряхҳоро об кунад ва дар манотиқи ҷудогона муҷиби омадани селу резиши санг дар роҳҳои куҳӣ шавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз 16 то 18-уми июни соли 2017 ҳавои ҷумҳурӣ гарм ва хушк боқӣ мемонад.