Гуруҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш миёни аҳолии аз сел, ярч ва заминҷунбии моҳии апрел ва май зарардида маводҳои сохтмонӣ, ғизоӣ, бастаҳои беҳдоштӣ ва хаймаҳо тақсим кард.
Бо мақсади иҷрои Фармоиши Раиси Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чораҳои аввалиндараҷа оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Лахш” ба сокинони аз сел, ярч ва заминларза зарардидаи ноҳияи Лахш кӯмак дар шакли маводҳои сохтмонӣ, маводи озуқа, бастаҳои беҳдоштӣ ва хоҷагидорӣ, ҳамчунин хаймаҳо ирсол гардид.
Ҳаҷми умумии кӯмакҳо барои бозсозии хонаҳои зарардида 755 ҳазору 680 сомониро ташкил дод. Ғайр аз ин ба хонаводаҳои зарардида кӯмаки яквақта дар ҳаҷми 42 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо крада шуд.
Гуфтанист, ки моҳҳҳои апрел ва майи соли 2017 дар як қатор деҳаҳои ноҳияи Лахш бар асари офатҳои табиӣ 29 хона қисман зарар диданд ва 9 хона комилан вайрон шуданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии ҷонишини аввали раиси Кумита, генерал-майор Рустам Шоҳиён гуруҳи корӣ созмон дод, ки барои интиқол ва тақсим намудани кӯмаки ҷудошуда озими деҳаҳои Шилбилӣ, Оқсой ва Олғаи ноҳияи Лахш шуд. Бо иштироки бевоситаи комиссияи ноҳиявӣ бо сарварии раиси ноҳия ба хонаводаҳои зарардида кӯмакҳои ҷудошуда ва маводҳои сохтмонӣ тақсим карда шуданд.
Зикр кардан бомаврид аст, ки тибқи Қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ба манотиқи дигар интиқолёфтаи рустои Шибилии ноҳяи Лахш дар ҷойи бехатар ва амн қитъаҳои замин ҷудо карда шудааст ва дар он мувофиқи тарҳи Кумитаи архитектура ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хонаҳои нави истиқоматӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ сохта хоҳад шуд.