Ин буд аввалин суоле, ки дар зеҳн меомад ва кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон як рӯзи худро миёни сокинони шаҳри Қурғонтеппа гузарониданд, то ба онҳо дар бораи оббозии бехатар ва дигар ҳолатҳои фоҷеаовар дар фасли тобистон нақл кунанд.
Рӯзи 9-уми июн Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар байни аҳолии шаҳри Қурғонтеппа корҳои фаҳмондадеҳӣ гузаронд. Мавзуъ обу оббозӣ дар фасли тобистон буд.
Пӯшида нест, ки бо фаро расидани фасли гармо бисёре аз сокинон рафтан ба соҳили рӯдхонаву кӯлҳоро як шуғли ҳамешагии худ медонанд. Ва ҳатман ин рафтану нишастан нест, балки оббозӣ дар обҳои сард аст.
Оббозӣ дар рӯдхонаҳо баъзан ҳолатҳои фоҷеабор ба дунбол доранд. Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, беназорат мондани атфол аз ҷониби волидон, оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ ва хатарзо аз ҷумлаи сабабҳое мебошанд, ки ба
ҳалокати одамон оварда мерасонад.
Ин буд, ки кормандони Ситоди Хатлон маҳз ҳамин мавзуъро дар барномаи корӣ қарор доданд ва дар кӯчаву бозору хиёбонҳо гашта, бо мардум ҳамсуҳбат шуданд. Онҳоро қоидаҳои бехатарӣ омӯхтанд ва ҳушдор доданд, ки беназорат мондани бачаҳо метавонад оқибатҳои нохӯш дошта бошад.
Дар ҷараёни суҳбатҳо ба одамон дар бораи маконҳои мамнуъ ва иҷозатшуда барои оббозӣ дар қаламрави шаҳрро низ ёдовар шуданд.
Дар ҳар ҷо, ки суҳбате барпо мешуд, ҳатман табодули афкор низ сурат мегирифт ва кормандони Ситоди ҳолатҳои фаавқулодда ба ҳама саволҳо посухҳои дақиқу рушан медоданд.