Кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ҷавонеро, ки дар дарёи Сир ғарқ мешуд, наҷот доданд.
Соати 14:50 дақиқаи рӯзи душанбе наҷотдиҳандагон, ки дар соҳилҳои Сир гаштугузор мекарданд, садои имдодталабонаи касеро шуниданд. Яқинан касе ғарқ мешуд.
Ба фарёди ҷавонмард аз аввалинҳо шуда наҷотдиҳандаи калони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд Ҳотам Раҷабов худро ба об андохт.
Шахсе, ки садои имдод баланд кард, донишҷӯи 19-солаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров будааст. Мавсуф ба он нигоҳ накарда, ки ин минтақа барои оббозӣ номуносиб ва мамнуъ буд, худро ба дарё андохтааст.
Ҳотам Раҷабов фавран ба имдодаш расид ва аввал ӯро ором кард, сипас то соҳил кашида овард.
Аввалин коре, ки баъди расидан ба соҳил анҷом дод, барояш кӯмаки аввалияи тибӣ расонд. Танҳо баъди 5-10 дақиқа ҷабрдида ба нафаскашӣ ва сулфа задан оғоз намуд.
То ин замон гуруҳи ёрии таъҷилӣ низ омада расид. Ҳамин тавр бо талоши кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо як нафар аз марги эҳтимолӣ наҷот дода шуд.
Ин дуюмин ҳодисаи наҷоти одмон дар обҳои вилояти Суғд давр як рӯз буд. Аз ин пештар кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марги ду марди баркамол дар обанбори Қайроқум пешгирӣ карда буданд. Дар хабар гуфта мешуд, ки ҳангоми шино бо гидросикл мардон дағалона қоидаҳои техникаи бехатариро дар ҳавз вайрон намуданд. Дар натиҷа гидросикл чаппагардон шуд ва онҳо зераш монданд.
Кормандони наҷоти Кумита, ки дар атроф гаштугузор ва вазъро назорат мекарданд, бо дидани ин манзара зуд худро ба об заданд ва ин ду марди баркамолро аз қаър ба боло кашиданд ва то соҳил овардаву ҷонашонро аз марг раҳо карданд.
Дар соҳил аввал ба онҳо нафаси сунъӣ доданд, баъдан бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” онҳоро ба бемористон интиқол доданд.