Аз 16 то 18-уми июн ҳавои беш аз 40 дараҷа гарм метавонад барфу пиряхҳоро об кунад ва дар манотиқи ҷудогона муҷиби омадани селу резиши санг дар роҳҳои куҳӣ шавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз 16 то 18-уми июни соли 2017 ҳавои ҷумҳурӣ гарм ва хушк боқӣ мемонад.
Ҳарорати ҳаво дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои ҷанубии мамлакат ба беш аз 40 дараҷа гармӣ хоҳад расид.
Болоравии ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои баландкуҳ муҷиби об шудани барфҳо, пиряхҳо ва афзудани оби рудхонаҳо хоҳад шуд. Дар навбати худ ин сабабгори омадани сел, рониши замин (ярч) ва сангрезӣ шуда метавонад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд.
Бахусус, ҳангоми истифода аз роҳҳои куҳӣ ва будубош дар назди ҳавзҳо, обанборҳо ва дарёҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.