Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба вируси коронаро дар олам 99 миллиону 782 ҳазору 634 нафар эълон кард. Шабонарӯзи гузашта ба ин ҷамъ боз 161 ҳазору 361 нафар пайвастанд. Шумори ҷонбохтагони ин ҳамагирии касиф ба 2 миллиону 139 ҳазору 214 нафар расидааст ва дар 24 соати сипаришуда дар олам 3 763 фавтидаи нав сабт шудааст. Бино ба гуфтаи ҳамин манбаъ ҳоло дар саросари олам аз ин беморӣ 71 миллиону 777 ҳазору 753 нафар ҷон ба саломат бурданд, аммо 110 ҳазору 773 тани дигар дар вазъи вазнин қарор доранд. Ин созмони ҳамчунин гуфт, ки шабонарӯзи гузашта сироятшудагони нав бештар аз Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ (323 950), минтақаи Аврупо (166 047) ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ буданд.
Дар Британияи Кабир воксина кардани аҳолӣ идома дорад. Бино ба гузориши вазорати тандрустии ин кишвар то кунун 75% афроди аз 80-сола боло эм карда шуданд ва шумори воксинагирифтагон аз 5,4 миллион гузаштааст. Вале ин омори касонест, ки бори аввал воксина гирифтанд ва бояд дуюм бор ҳам бигаринад. Ҳукуматдорони Британия муҳлати воксинаи аввал ва дуюмро аз 3 то 12 ҳафта тамдид намудаанд, ки ин мутахассисонро нигарон кардааст. Анҷумани табибони Британияи Кабир ахиран аз ҳукумат хост ин фосиларо кутоҳ ва дар қарораш бознигарӣ кунад. Зеро то 12 ҳафта кашол додани муҳлати воксинаи дуюм метавонад таъсири онро коҳиш диҳад.
Олмон аввалин кишвари Иттиҳодияи Аврупост, ки барои мубориза бо коронавирус доруеро харидорӣ кард, ки бар асоси ба истилоҳ антибодӣ (антителаҳо)-и моноклоналӣ омода шуда, истифодаи он дар марҳилаҳои аввал метавонад аз ҳолати вазнини беморӣ ҷилавгирӣ кунад.
Пулиси Фаронса барои вайрон кардани қоидаҳои қуюди шабгардӣ 110 ҳазор ҷарима навиштааст. Вазорати корҳои дохилии Фаронса гуфтааст, ки кормандонаш аз 22 январ то ба имрӯз дар саросари кишвар бештар аз 1,4 миллион санҷиши риояи қоидаҳои шабгардӣ ва риояи талаботи беҳдоштиро гузаронидаанд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Фаронса аз эълони тадбирҳои нави маҳдудкунанда хабар доданд, ки тибқи он ҳам касе ба ин кишвар аз роҳҳои ҳавоиву баҳрӣ ворид мешавад, бояд ҳатман ҳуҷҷате дошта бошад, ки сироят нашудани вай ба коронавирус зарфи 72 соати охирро нишон диҳад. Аммо барои касоне, ки бо мошинҳо ва роҳҳои заминӣ ворид мешаванд ин гуна талаботҳо дар назар дошта нашудааст. Барои касоне, ки аз мамолики ИА ворид мешаванд, ин қоидаҳо аллакай ҷорӣ шудаанд. Ғайр аз ин ба онҳо лозим аст, ки муддати ҳафт рӯзи оянда дар низоми худинзивоъ қарор гиранд.
Ҳукумати Шветсия расман вуруд аз Норвегияро манъ кард ва сабаби он дар Осло ба шиддат паҳн шудани штамми британиёии коронавирус мебошад.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Нидерландия 25 нафарро барои вайрон крадани низоми қуюди шабгардӣ боздошт ва 3,6 нафарро ҷарима бастаанд.
Дар Слования аввалин ҳодисаи сироят ба гунаи британиёии вируси коронаро ба қайд гирифтаанд. Ӯ як нафар шаҳрванди Косово будааст, ки ба ин кишвар аз Белгия омадааст.
Ҳукумати Исроил рӯзи якшанбе фурудгоҳи Бен-Гурионро барои ҳама аз 26 то 31 январ баст ва ин тадбирест, ки дар доираи маҳдудиятҳои зиддикоронавирус ҷорӣ мешавад. Ҳамчунин мақомоти гуфтаанд, ки ҳадаф аз бастани фурудгоҳ ва лағви парвозҳо ҷилавгирӣ аз вуруди мутатсияи нави коронавирус ба Исроил мебошад.
Ҳукуматдорони Дубай ноилоҷанд, ки суръати воксанкунии аҳолиро суст кунад ва сабаби ин дертар расидани воксани Pfizer мебошад, ки ин кишвар онро иҷозат додааст. Аммо ба ҳар ҳол ба ҳамаи онҳое, ки дозаи аввали воксанро гирифтаанд, гуфта шудааст, ки барои дарёфти дозаи дуюм вақти таъиншуда ҳозир шаванд.
Эмкунии сартосарӣ дар Миср ҳам оғоз шудааст. Дар ин кишвар низ аввал духтурон ва кормандони соҳаи тибб, ки дар маҳалҳои карантинӣ ифои вазифа мекунанд, эм карда мешавад. Ҳамчунин воксанкунии мардону занони солманд ва бемороне, ки касалиҳои куҳан доранд, низ дар мадди аввал аст. Аммо баъди ин кулли сокинон бояд банавбат эм карда шаванд. Миср барои воксанкунии аҳолии худ аз воксани чинии Sinovac, ки тавлиди ширкати Sinopharm мебошад, истифода хоҳад кард.
Ҳукумати Покистон иҷозат дод, ки дар ҳолатҳои изтирорӣ аз воксани русии «Спутник V» истифода кунанд. Бо ин теъдоди кишварҳое, ки расман ба истифодаи ин воксани русӣ иҷозат додаанд, ба 12 адад расидааст. Инҳо: Маҷористон, Иморати Муттаҳидаи Араб, Туркманистон, Парагвай, Венесуэла, Фаластин, Алҷазоир, Сурбистон, Боливия, Аргентина ва Белорусия мебошанд.
Дар Белоруссия шабонарӯзи гузашта 1752 доранди вируси SARS-CoV-2 кашф шудааст..
Дар Украина боз 3915 нафар сироятшудаи нав ба вируси корона сабт шудааст.
Шумори навсироятшудагон ба вируси КОВИД-19 дар Русия 21 127 нафар эълон шу. Мубталоёни нав дар кулли минтақаҳо ба қайд гирифта шуданд ва 10,9 дарсади онҳор ало мати беморӣ надоштанд. Аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар 3 миллиону 719 ҳазору 400 нафар сироят шуданд ва суръати рушд 0,57%-ро ташкил дод.
Дар Қазоқистон аз шабонарӯзи гузашта ҳашт нафар аз коронавирус фавтиданд. Дар ин кишвар суръати афзоишу густариши коронавирус тағйир ёфт. Шабонарӯзи гузашта шумори нав сироятшудагон дар шаҳрҳои Нурсултон, Акмолинск, Атирауск, Қазоқистони Ғарбӣ, Костанайск, Павлодар ва вилоятҳои Шимолии Қазоқистон зиёд буданд.
Дар Қирғизистон шабонарӯзи гузашта 104 ва дар Ӯзбекистон (омори 23 январ) 58 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шудааст.
Дар Тоҷикистон аз 1 феврали соли равон масҷидҳои кишвар, ки аз аввали моҳи марти соли гузашта баста шуда буданд, бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолият оғоз хоҳанд кард. Бояд дар кулли ибодатгоҳҳо ҳама талаботҳои беҳдоштӣ риоя шаванд. Аз ҷумла ибодатгарон бояд ҳатман ниқоб дошта бошанд ва фосилаи иҷтимоиро риоя намоянд.