ҚИССАҲОИ ҶУҒРОФӢ. Алоҳазрат роҳзани баҳрӣ. Фрэнсис Дрейк (солҳои 1545-1596)

13    декабри соли 1577 дар бандари Плимути Англия панҷ киштӣ бодбонҳои худро боло карданд ва истгоҳи онҳо Алексндрия эълон шуд, вале бо ин ҳам кам касонро метавонистанд бифиребанд, чун ба ин киштиҳо Фрэнсис Дрейк, ки то кунун бо чанд ҳамлаву амалиёти мувафақонаааш ба қитъаҳои зери тасарруфи испониҳо ном бароварда буд, сарварӣ мекард.  Мухтасар дар бораи Фрэнсис Дрейк:

Бо инглисӣ Sir Francis Drakeдарёсолор, капитани киштӣ, сиёсатмадор, роҳзани дарёӣ дар замон малика Елизабет дар Англия буд. Ба ғорати киштиҳои испониёӣ, ки аз қораи Амрико меомаданд, Испанияро дучори мушкил сохт, то ҳадде, ки подшоҳи Испания аз Малика Елизабет тақозои сари вайро кард. Аммо Малика Елизабет баъди бузургтарин дуздиаш шахсан ба истиқболи ӯ омад ва гуфт: “Подшоҳи Испания тақозои сари шуморо кардааст ва мо ҳамакнун василаи анҷоми ин корро дорем”. Ва баъдан ӯро бинавохт ва инъому унвонҳо дод. Аввалин касе аз англисҳост, ки даври оламро гашт.

Аммо бо вуҷуди ин ҳадафи сафарро тавонистанд барои муддате пинҳон нигоҳ доранд. Гумоштаҳои ломакони испаниёӣ ба ин бовар буданд, ки Дрейк ба Шотландия меравад, то шоҳзоди шотландиро рабояд (зеро Англия ва Шотландия аз собиқ душмани ҳам буданд). Аммо он замон зиддият миёни Англия ва Испания бармало мешуд. Кишварҳои пиринейӣ, ки тавониста буданд пеш аз дигар мамолики аврупоӣ мулкҳои сарватаманди он сӯи уқёнусро ишғол намоянд, талош мекарданд бо такя ба буллаи поп (ҳуҷҷати асримиёнагии поп, ки маъмулан бо сурб ва дар ҳолатҳои хеле муҳим бо тилло мӯҳр зада мешуд. Баъди асри XY ин гуна аснод хеле кам интишор мешуд) ва Паймони Тордесил (паймоне миёни Испания ва Португалия, ки барои муайян кардани ҳавзаи нуфуз дар қаламрави ишғолии қораҳои мустаъмарӣ 7 июни соли 1494 имзо шуда буд) ин ҳама қаламрави ишғолиро чун моликият ва мустаъмараҳои худ нигоҳ доранд.  Кишварҳои дигар-Англия, Фаронса ва хеле баъдтар Ҳолланд ин гуна даъворо қабул надоштанд. Шоҳи Фаронса Франсиски якум басо ошкор буллаи попро таҳқир мекард. Вай мегуфт:  «Бигзор он бахш аз васияти Одамро ба ман нишон диҳанд, ки мегӯяд Олами Нав миёни бародарони ман, шоҳони Испания ва Португалия тақсим шавад ва ман бояд аз ҳақи мерос маҳрум бошам». Ин иддиоро ҳамчунин маликаи Британия Елизаветта ҳам қабул надошт. Он замон Агнлия наметавонист ошкоро ба як кишвари қудратманди Аврупо ситеза кунад, вале аз роҳҳои дигаре чун интригаҳои сиёсӣ, сӯиқасд, пуштибонии пинҳонии кишварҳое, ки бо Испания адоват доштанд, тиҷорати қочоқӣ дар мустаъмараҳои Испания истифода мекард. Онҳо албатта, ҳамаро яксара ғорат намекарданд, танҳо онҳое ғорат мешуданд, ки бо Малика мухолифат доштанд. Роҳзанҳо талош мекарданд дар ҷангҳо бераҳм набошанд, асиронро азият накунанд.

Соли 1568 дар яке аз амалиётҳои тиҷоративу роҳзанӣ дар соҳилҳои Олами Нав эскадрияи инглис, ки чандин киштиҳои испониҳоро ба асорат гирифта буд, маҷбур шуд барои таъмири киштиҳояш ба бандари Сан-Хуна-де-Улоа ворид шавад. Баъди ду рӯз ба он ҷо эскадраи пурқуввати испониҳо омад: ноиби нави шоҳи Мексика Мартин Энрикес низ савори ин киштиҳо буд.

Инглисҳо ба дом уфтода буданд. Онҳо бо ноиби шоҳ вориди гуфтушунид шуданд, вале ноиб онҳоро фиреб карда буд, чун аз вазъи ором истифода карда, испониҳо ба инглисҳо ҳамла карданд ва аз шаш киштӣ ба ду киштӣ муяссар шуд, ки аз ин оташи дӯзах раҳо ёбанд.  Ба яке аз ин киштиҳо Дрейк фармондеҳӣ мекард. Ҳарчанд амали ноиби шоҳ мантиқӣ буд-вай дар қаламраве, ки барои мулоқот ҷудо шуда буд, бо роҳзанҳое, ки  киштиҳои испониро ба асорат гирифта буданд, вохӯрд, вале Дрейк тамоми умр макру ҳиллаи испониҳоро дар Сан-Хуан-де-Уола фаромӯш накард ва ба муқобили Мартин Энрикес ва шоҳ Филиппи дуввум чанги шахсӣ эълон намуд. Баъди се соли ин ҳодиса шоҳ Филипп бовар кард, ки ин таҳдиди хушку холӣ набуд. Ин замоне буд, ки Дрейк ба испониҳо дар мағзу дили мустаъмараҳои онҳо ситеза кард. Дар оғоз Дрейк бандари Номбре-де-Диосро мавриди ҳамла қарор дод ва баъдан корвонеро боздошт кард, ки аз тариқи гардана металҳои гаронбаҳоро интиқол медоданд. Ва аз ин сафар Фрэнсис Дрейк як сарватманди беназир баргашт. 

Дар ин ҳол муносибат миёни Англия ва Испания торафт тира мешуд. Кор ба ҷанг мерасид. Малика Елизабэт Дрейкро пинҳонӣ ба мулоқот даъват кард ва аз вай суол намуд, ки ба шоҳ Филипп дар куҷо метавон зарба зад. Дрейк бе ягон мулоҳизаву калавиш посух дод: дар мустаъмараҳои Испания дар Амрико! Аммо дар бандарҳои атлантикӣ испониҳо аллакай ба ҳамлаҳои роҳзанон одат карда буданд ва онҳоро ғофилгир кардан имкон надошт. Аз ин рӯ Дрейк тарҳеро пешниҳод кард, ки ба мустаъмараҳои амрикоии Испания аз «ақибгоҳи» уқёнусиоромии он метавон ҳамла кард. Барои ин лозим меомад хатсайри Магеллонро тай кард. Ин кор басо хавфнок буд, ҳарчанд иҷрошаванда низ  буд. Аз замони Магеллон худи испониҳо ҳамагӣ ду маротиба тавонистанд  аз гулӯгоҳи кашфкардаи вай истифода кунанд.  Вале ин бозӣ арзиш дошт.

Саҳмдорони пинҳонии ин тарҳ чанд тан амалдорони олимақом ва худи малика буданд. Ва инак, моҳи декабри соли 1577 киштиҳо аз Плимут хориҷ шуданд ва муваффақона Атлантикро гузаштанд ва 5 апрели соли 1578 ба резишгоҳи Ла-Платаи Амрикои Ҷанубӣ расиданд.  Аммо як киштӣ, ки онро Томас Доути сарварӣ мекард, гум шуд. Дрейк хеле пештар ҳис карда буд, ки Доути мехоҳад экспедитсияро ба шикст рӯ ба рӯ созад ва акнун ба шубҳаи худ пурра бовар кард. Киштиҳо ба роҳи худ идома доданд ва барои истироҳат ба халиҷи Сан-Хулиан, ки замоне Магеллон ҷиҳати зимистонгузаронӣ қарор гирифта буд, фуруд омаданд. Ва ин тасодуфӣ набуд: Дрейк пеши руҳи дарёнаварди машҳури португалӣ сари таъзим фуруд овард ва бо ҳамон роҳе мерафт, ки Магеллон рафта буд.

Вақте киштии гумшуда пайдо гардид, чун дар замоне Магеллон, Дрейк Доутиро дар халиҷи Сан-Хулиан ба додгоҳ кашид, гуноҳаш пурра исбот шуд ва ҳамаи 40 додрас ӯро ба қатл маҳкум карданд. Дрейк хост эҳтимолияти норозигии ҳайатро дар бахши пурмасъулияти экспедитсия истисно кунад. Вай киштиҳои зиёдро дар сафар дӯст намедошт, аз пешу пас мондан бар асари тӯфонҳову ҳодисаҳои дигар ва ғайб задани онҳо дилгир мешуд, аз ин рӯ аз халиҷ бо се киштӣ хориҷ шуд, ду киштиро сӯзонд ва сарнишинони онҳоро ба се киштии дигар тақсим намуд.  Пеш аз расидан ба гулӯгоҳи Магеллон киштии флагман «Пеликан» «Оҳуи заррин» номида шуд, ба шарафи ҳомии дарбории худ Кристофер Хеттон, ки дар нишонаш расми оҳу дошт. 23 августи соли 1578 киштиҳо ба гулӯгоҳ ворид шуданд ва 6 сентябр бо мушкилоти зиёд дохили уқёнуси Ором шуданд.  Дрейк бо тантана изҳор дошт, ки ба орзуяш, ки мехост бо киштиҳои Англия ин баҳрро гузарад, расид.

Харитаи сафари гирди олами Дрейк.

Аммо Дрейк дид, ки ин уқёнус тавре интизор дошт, чандон орому сокит ҳам нест. Тӯфони бағоят азиме бархост, ки муддати 52 рӯз лаҳзае ором нашуд. Киштиҳо ҳамдигарро гум карданд ва муддати зиёд вонахӯрданд. Тӯфон «Оҳуи зарин»-ро 5 дараҷа ба самти ҷануб бурд ва Дрейк имкон пайдо кард қаламрави ҷануб аз гулӯгоҳи Магеллонро омӯзад. Он замонҳо гуфта мешуд, ки гулӯгоҳ охири қисмати ҷанубии Амрикоро аз қораи бузурге, ки Замини Ношиноси Ҷануб номида мешуд, ҷудо мекунад. Дрейк муайян кард, ки ҷанубтар аз гулӯгоҳ на қитъаи бузург, балки силсилаҷазираҳои калоне ҷойгиранд, ки аз паси онҳо паҳнои нопайдоканори обӣ шурӯъ мешавад. Аллакай дар асри XIX  гулӯгоҳе, ки ин ҷазираҳоро аз Антарктида ҷудо мекард, гулӯгоҳи Дрейк номида шуд. 

«Оҳуи зарин» ин қаламравро тарк намуда, ба шимол, дар имтидоди соҳилҳои Амрикои Ҷанубӣ ҳаракат кард. Бурди инглисҳо аз зарбаи ногаҳонӣ буд: испониҳо ҳатто фикр ҳам накарда буданд, ки дар уқёнуси Ором ғайр аз киштиҳои онҳо ягон киштии бегона ҳузур пайдо мекунад. Бартарияти дигари Дрейк тезҳаракатии вай ва киштиҳои ӯ буд. Испониҳоро бошад чолокии маллоҳон, тезкории тӯпҳо, муттафиқии ҳайат ва сифатҳои барҷастаи худи Дрейк чун дарёнавард ва сарвари киштиҳо моту маҳбут карда буд.  Чолокиву боҷуръатӣ, дур аз тарсу ҳарос будан, фаврияту ногаҳонӣ амал кардан ва зарбаи дақиқу рушану расанда ба ҳадаф аз шеваи амали Дрейк буд.

Бандари Валпараисо имрӯз.

Дрейк бе ягон муқовимат аз ҷониби испониҳо бандари Валпараисо (имрӯз номи сеюмин шаҳри калонтарини Чили ва яке аз муҳимтарин шаҳрҳои бандарии он аст)-ро ишғол кард ва баъдан ба самти шимол ҳаракат кард. Аз капитани яке аз киштиҳои испонии дар роҳ ба асорат гирифтааш Дрейк фаҳмид, ки ду ҳафта пештар аз бандари Каляно ба Панама киштии «Какафеэго» бо тиллои зиёд ҳаракат кард. Дрейк ҳамаро як сӯ гузошт ва паси он равона гардид. Дар навбати худ испониҳо аз Каляо ба дунболи Дрейк киштӣ равон карданд. Вале «Оҳуи заррин»-и баландсуръат кайҳо ва зуд аз ин таъқиб дур шуда буд ва ин матонати Дрейк соҳиби мукофот шуд. 1 марти соли 1579  «Какафуэго» ба абордаж (фаронсавии abordage – шеваи ҷанги баҳрӣ дар замони ҳокимияти киштиҳои бодбонӣ дар баҳрҳо) гирифта шуд. Инглисҳо аз ин киштӣ ба ҳадде ҷавоҳирот ба даст оварданд, ки танҳо ҳисоби он чандин рӯз давом кард. Вақти он расида буд, ки барои бозгашт андешанд. Капитани киштии «Какафуэго», ки Дрейк аз асорат озод кард, баъди бозгашташ ба испониҳо нақл кард, ки Дрейк ба вай харитаи наверо нишон дод, ки 10 метр дарозӣ дошт ва онро барои ӯ дар Лиссабон омода кардаанд. Вақте ин испонӣ пурсид, ки Дрейк бо кадом роҳ мехоҳад пас гардад, посух дод, ки «се роҳе ҳаст, ки вай метавонад бо истифода аз онҳо пас гардад. Як роҳ аз тариқи димоғаи Умеди Нек, дуюм роҳе, ки аз он ин ҷо омад. Вале дар бораи роҳи сеюм чизе нагуфт».

Дар ин миён Амрикои испонӣ кандуи занбӯрро мемонд. Ҳамаи бандарҳо ва киштиҳо дар мавриди пайдо шудани роҳзанҳо огоҳ карда шуданд. Шоҳ Филипп хабари ғорат шудани киштии худро дарёфт ва ҳама чораҳоро андешид, ки «Оҳуи заррин» саломат ба ватанаш барнагардад.  Вай аз шоҳи Португалия хоҳиш кард, ки барои дастгир кардани Дрейк дар ҷазираҳои Моллук ёрӣ расонад. Эскадраҳои испонӣ ба гулӯгоҳи Магеллон ва ҳатто баҳри Кариб эъзом шуданд, то дар сурате агар Дрейк «Оҳуи  заррин»-ро ба обҳои уқёнуси ором сар диҳад ва талош кунад, ки аз гардана гузарад ва баъдан киштии нав сохтаву аз тариқи Атлантика ба Англия баргардад, боздошт кунанд.  Дрейк бо назардошти ҳамаи ин роҳи сеюмро интихоб кард, роҳе, ки дар бораи он ба касе чизе нагуфта буд. Вай ба қароре омад, ки гулӯгоҳи асроромези Анианро пайдо кунад, ҳамон гулӯгоҳе, ки гӯё уқёнусҳои Ором ва Атлантикаро дар шимол ба ҳам васл мекард. То ба ин лаҳзаҳо талошҳои пайдо кардани он барои ҳамаи дарёнавардон ба нокомӣ анҷом шуда буд.  Ва дар вуҷуди Дрейк эҳсоси кошифи аввалини он бедор шуда буд, зеро ба андешаи вай пайдо намудани ин роҳ ба маротиб роҳи бозгашти вай ба Англияро наздиктару осонтар хоҳад кард. 

Дрейк дар ин миён ба ҳамроҳонаш имкони истироҳат дод ва баъдан ба самти шимол роҳ пеш гирифт. Баъди якуним моҳ, моҳи июни соли 1579 киштии вай тибқи арзёбии худи адмирал ба 48° арзи шимол расид. Аврупоиён то ин замон ба самти шимол дар имтидоди соҳилҳои уқёнуси Ором ба ин ҳадд дур шино накарда буданд. Инглисҳо ин ҷо сардии ногаҳониро диданд, борону барф меборид, арғамчини киштӣ бо қабати яхӣ пӯшида шуд, тӯфон бо тумани ғафс пӯшида гардид. Одамон ба дурустии масири интихобиашон шубҳа мекарданд. Танҳо адмирал буд, ки оромиши рӯҳиву бардамиву зиндадилиро нигоҳ медошт. Аммо хати соҳил ҳамеша  ба шимолу ғарб, ба самти Осиё майл мекард ва гулӯгоҳи дар он ба чашм намерасид. Ҳаво сардтар мешуд, Дрейк ноилоҷ ба акиб гашт. 

Навсозӣ ва таҷдиди киштии Фрэнсис Дрейк “Оҳуи заррин” барои имрӯзиён.

Ба арзи  38° шимол тоб хӯрда, инглисҳо ба соҳил фуруд омаданд, то истироҳат ва киштиро таъмир намоянд. Сокинони маҳаллӣ онҳоро чун худоён пазируфтанд ва аз онҳо хоҳиш мекарданд, ки сарварии қабиларо ба ӯҳда гиранд. Дрейк бо истифода аз фурсат ин минтақаро, ки Албиони Нав номид, дар харита чун тасарруфшудаи Англия дохил кард. Пеш аз он ки ба роҳаш идома диҳад, Дрейк дар соҳил сутун зад ва навишт, ки ин замин моликияти Англия мебошад ва чун мӯҳр надошт, ба он тангаи шашпенса бо тасвири маликаро часпонд. 

«Оҳуи зарин» 68 рӯзи дигар шино кард ва одамони Дрейк дар ин муддат ғайр об ва осмон порае заминро дар ҷойе надиданд. 3 ноябои соли 1579 инглисҳо аз Филиппин гузашта ба ҷазираҳои Моллук расиданд ва баъди истироҳат ва таъмири киштӣ ба роҳи худ идома доданд. Ҳангоми баромадан аз уқёнуси Ҳинд киштӣ ба сахраи зериобӣ бархӯрд. Муддати 20 соати оянда марг ногузир буд. Зарур омад, ки бори киштиро сабук кунанд, маллоҳон матоъҳо, халтаҳои орд, силоҳҳоро берун ҳаво медоданд. Тавре роҳиб ва муаррихи экспедитсия Фрэенсис Флетчер дар хотироташ навишт, ҳама чизе, ки соате пештар пурарзиштарин буд, ҳоло арзиши худро пурра аз даст дода буд. Ҳама чиз, ба ғайр аз ҷавоҳирот. Хушбахтона, ба зудӣ об кам шуд ва киштӣ аз бори сангини он озод гашт. 

Пазироии Малика аз Фрэнсис Дрейк.

Дар  бозгашт комёбӣ ёри Дрейк шуд. 15 июни соли 1580 «Оҳуи заррин» аз димоғаи Умеди Нек гузашт ва 26 сентябр ба Плимут расид. Дрейк аввалин капитане буд сайёҳати гирди оламро аз оғоз то анҷом сарварӣ кард. «Оё Малика зинда аст?»-ин аввалин суоле буд, ки аз моҳигирон пурсид. Пусухи манфӣ метавонист хушоянд набошад, чун иваз шудани шоҳ метавонист муҷиби беҳбуди равобити Англия ва Испания шавад ва ин ҳама талошҳову хизматҳои Дрейкро ба сифр баробар мекард. Ба бахти Дрейк малика зиндаву саломат буд. Вай «сарвари дуздон»-ро ба қабул хонд (он вақт Дрейкро душманонаш чунин меномиданд) ва ситоиш намуд. Сафири Испания талаб мекард, ки ҷавоҳироти ғораткардаи Дрейк пас гардонда шавад. Чаро?!! Тибқи ҳисобҳои тахминӣ арзиши онҳо ду баробар бештар аз даромади солонаи  хазинаи Англия буд. Саҳмдорони сафари Дрейк  барои сармоягузории худ 4700% фоида ба даст оварданд. Малика на танҳо ҷавоҳиротро барнагардонд, балки намоишкорона ба Фрэнсис Дрейк унвони ритсарии киштии «Оҳуи зарин» дод.

 Ҷанги Испания ва Англия наздиктар мешуд. Шоҳ Филиппи дуввум артиш ва флоти баҳрии худро барои ҳамлаи бузургмиқёс ба Англия омода мекард. Барои халал расондан ба вай лозим омад чандин ҳамлаи хурду бузург ба соҳилҳои мутаалиқ ба Испания дар қитъаи Амрико анҷом шавад. Ва онҳоро сэр Фрэнсис Дрейк амалӣ мекард ва дар ин роҳ ҳам пирӯзиву комёбӣ насиби вай шуда буд. Вақте соли 1588 флоти азими Испания – «Армадаи шикастнопазир» ба соҳилҳои Англия наздик шуд, маҳз Дрейк нақши муҳимро дар торумор кардани он бозид.    

Пайкараи Фрэнсис Дрейк дар Плимут.

Фрэнсис Дрейк 28 январи соли 1596 ҳангоми иҷрои амали навбати роҳзанӣ дар соҳилҳои Олами Нав бар асари табларзае, ки бошандагони киштиро фаро гирифта буд, вафот кард. Чуноне баъдтар ширкаткунандагони ин амалиёт иттилоъ доданд, тобутро бо ҷасади Дрейк ба обҳои баҳри Кариб дар наздикии шаҳри Номбре-де-Диос, дар ҳамон мавзеъе, ки  адмирал роҳи худро ба сӯи шӯҳрати абадӣ оғоз карда буд, раҳо намуданд.

Фрэнсис Дрейк ду маротиба издивоҷ карда буд, вале аз ду ҳамсар ҳам фарзанд наёфт. Ҳама сарвату боигарии вай мероси ҷияни ӯ шуд. 

 

 

 

Таҳияи Б.Шафеъ