Ҳар рӯз гузоришҳо дар бораи афзоиши шумораи сироятёфтагони коронавирус ба қайд гирифта мешаванд. Вирус дар саросари ҷаҳон босуръат паҳн мешавад. Тааҷҷубовар нест, ки бисёриҳо дар бораи саломатии худ ва наздикони худ дар ташвишанд. Дар вазъияте, ки онҳо дар бораи коронавирус дар ҳама ҷо - дар ВАО, дар кӯчаву бозор, дӯкону мағозаҳо, корхонаву хона гап мезананд, аммо ҷавонон аксар вақт вазниниву сангинии онро ба назар намегиранд ва дар аксар мавридҳо қоидаҳои бехатариву беҳдоштиро риоя намекунанд. Ва мутаассифона, баъзан ин ҳолатҳо бо фоҷеа меанҷоманд.
Бо мақсади шиносоӣ ва ёдрас кардани хусусан ҷавонон дар бораи оқибатҳои риоя накардани қоидаҳои эҳтиётӣ алайҳи Covid-19, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо барномаи Дафтари САҲА дар Душанбе як видеои нав омода кард.
Ин видео як дидгоҳи тозаест барои бартараф кардани ин мушкил ва ба мо имкон медиҳад, ки бори дигарба рафторҳои худ нигарем ва бубинем, ки то куҷо мо қоидаҳои беҳдоштиро риоя мекунем ва хонаводаву фарзандон, наздикону ҳамкорон ва дӯстони худро аз хатари сироят шудан ба ин вирус ҳифз менамоем.