Қиссаҳои ҷуғрофӣ. ИСТИЛОИ ПЕРУ. Шикасти империяи бузурги инкҳо. Фоҷеаи кашшофи Перу Франсиско Пизорро. Бахши аввал

Тиллои Перу ба касе шодӣ наёвард, тиллокобон, онҳое, ки ба ивази сармояҳои беҳадду марз ҳазорон ҳиндуро қатли ому бехонаву дар карда буданд, билохира худ аз дасти ҳамдигар кушта шуданд. 

Империяи Бузурги инкҳо.

***   ***   ***

Вуруде ба мавзӯъ: Сухан аз шикасти қудратмандтарин империяи ҳиндуҳои Амрико инкҳо меравад. Ин як империя аз мардуми бумӣ (сурхпӯстон) дар Амрикои Ҷанубӣ буд. Ин империя қаламрави кишварҳои имрӯзаи Перу,  Экватор, Боливия ва бахшҳое аз Аргентин, Чили ва Колумбияро дар ихтиёр дошт. Шаҳри Куско пойтахти идорӣ, сиёсӣ ва низомии он         ба шумор меомад. Дар садаи шонздаҳуми милодӣ бо вуруди испониҳо ба Перу ин империя шикаста шуд ва қаламрави он мустамликаи Испания гашт.

***   ***   ***

Фатҳи Мексика, ки баъди мувффақиятҳои Кортес бисёриҳо онро «мамлакати тиллоӣ» номиданд, конкискадорҳоро ба ҷунбиш овард. Онҳо ҳарисона дар ҳар ҷо ва аз ҳар суҳбат дар бораи сарват ва иқтидори давлати ҳиндуҳо овозаҳо мешуниданд. Испониҳо дар Панама дар бораи империяи қудратманди Виру (перу) маълумот ба даст меоварданд. Франсиско Пизорро (португалии Francisco Pizarro González) як нафар аз дарёнавардони машҳуре буд, ки дар сар орзуи фатҳи ин кишварро мепарварид.


Фарансиско Пизорро.

Писари ғайриникоҳии дворянин аз вилояти ипониёии Эстремадура Пизорро замони наврасӣ ба сарбозӣ рафт. Соли 1510 вай барои дарёфти хушбахтӣ ба Олами Нав раҳсипор шуд, Охедаро дар сафараш ба  халиҷи Дарйенск ҳамроҳӣ кард ва баъдан ба Васко Нунйес де Балбоа  хидмат кард ва он замон аз ӯ ба хидмати Педрариас де Авил гузашт.  Шахсе буд ҷасур ва боғайрат, қотеъ барои расидан ба ҳадафҳои худ, вале дар зиндагӣ пасандозе надошт, аз ин рӯ бо ҳар касе, ки пул дошту озими Перу буд, мебоист муоҳада имзо мекард.  Диего де Алмагро ва Эрнандо де Луке ду тан аз ҳамсафони ӯ миисли худи ӯ ташнаи ҳар корнома буданд, то сарват ҷамъоварӣ кунанд. Эрнандо де Луке шахси табиатан ором ва кашиш дар Панама буд, вале ӯ низ хост соҳиби сарвату давлат шавад. Ҷолиб он аст, ки дар миёни ин се тан шахси саводдор танҳо ҳамин де Луке буд, ки дар муоҳада сареҳан имзо гзошт ва Алмагро ва Пизоррои бесавод бо ҷойи имзо танҳо аломати салиб гузоштанд.

Аввалин сафари баҳрии мустақили Пизорро ва Алмагро солҳои 1524—1525 иттифоқ уфтод, вале он ба нокомӣ анҷом гирифт. Соли 1526 онҳо бори дигар талош карданд. Онҳо резишгоҳи дарёи Сан-Хуанро дар арзи 4° ба даст оварда, якчанд рустои ҳиндуҳоро ғорат карданд ва аз он амволи зиёд ба даст оварданд. Аммо пай бурданд, ки барои идомаи амалиёт ба нерӯҳои бештар ниёз доранд. Алмагро ақиб гашт, то қувва ҷамъ орад ва киштии дуввум таҳти роҳбарии Барталоме Руис ба иктишоф ба самти ҷануб равона шуд. Пизорро бошад дар ҷойи худ боқӣ монд, то атрофро таҳқиқ намояд. Руис ба самти ҷануб ҳаракат кард ва дар 700-ум километр экваторро гузашт.


Дарёи Сан-Хуан.

Дар ин миён маллоҳон чандин перуиҳоро боздошт карданд ва дар бораи давлатдории инкҳо, қасрҳо ва сарватҳои пойтахти он шаҳри Куско маълумоти муфассал ҷамъ оварданд. Баъди он ки ба тақвияти нерӯҳояш қувваҳои нав омаданд ва ба Руис ҳамроҳ шуд, Пизорро ба самти ҷануб ҳаракат кард. Вале боз ҳам қувва барои ҳамла ба пурқудраттарин мамлакати Амрико кофӣ набуд. Алмагро дубора ақиб баргашт, вале ноиби нави «Кастилияи зарин» истихдоми ихтиёриёнро барояш манъ кард. Гузашта аз ин губернатор шахсеро бо нома ба назди Пизорро фиристод ва талаб намуд, ки фавран ба Панама баргардад. Вақте фармон ба Пизорро супурда шуд, бисёре аз ҳамроҳонаш, ки аз гуруснагиву бемориҳо азият мекашиданд, хушҳол шуданд.  Он вақт Пизоррои аз ғазаб сурхшуда бо шамшер ба замин хат кашид, аз болои он гузашт ва гуфт:  «Кастилиягиҳо! Ин роҳ (ба ҷануб) ба Перу мебарад, ба сӯи сарватҳои беҳудуд, он роҳ (ба шимол) – ба Панама ва ба фақру бенавоӣ. Интихоб кунед!» Танҳо 13  нафар аз Пизорро пайравӣ карданд. Капитани киштӣ дигаронро ба киштӣ боло кард, таноби онро боз намуд ва «исёнгарон»-ро ба сарнавишт ҳавола кард. Пизорро ва ҳамроҳонаш боз ним солро дар ҷазирае, ки 50 км дуртар аз соҳил буд, гузаронданд, онҳо аз шикори парандагон ва молюскҳо ғизо мехӯрданд. 


Барталоме Руис, конкистадори испонӣ,
аз ҳамсафарони Пизорро.

Пизорро ҳамаи ин шаш моҳ интизори кӯмак аз пайравонаш буд ва то  9° арзи ҷануб ҳаракат кард. Дар ин ҷо вай зарфҳои нуқраву тилло ба даст овард, матоъҳои нафис пайдо кард, ламо (ҳайвон) пайдо намуд ва соли 1528 бо ин ҳама ба Испания рафт ва бо он ба қабули шоҳ мушарраф шуд. Шоҳ ба ӯ барои фатҳи Перу патент дод ва ҳукуматро вазифадор кард, ки маблағ  ва масрафоти забти Перуро, ки Пизорро бо сармояи худ анҷом медиҳад, пешпардохт кунад. Пизорро ба муҷарради дарёфти ризояти шоҳ ба истихдоми ихтиёриён шуруъ кард: дар навбати аввал вай бародаронаш Эрнандо, Гонсало ва Хуанро ҷалб намуд. Алмагро, ки соҳиби мансаб нашуда буд, вале ба умеди  муоҳадаи қаблӣ оид ба тақсими ғаниматҳо розӣ шуд, ки одамонро истихдом кунад. 


Уаскар-дувоздаҳумин ҳукуматдори 
Империяи Бузурги инкҳо.
Ҳамагӣ 2
солу чор моҳ ҳукумат кардааст.

Аз ҷониби бародараш кушта шудааст.

27 декабри соли 1530 дастаҳои Пизорро дар ҳайати  180 нафар, ки 36 тани онҳо саворагон буданд, аз Панама шино кард. Дар соҳилҳои Экватор фуруд омада, Пизорро дар аввали соли 1535  ба наздикии Тумбес расид. Ин ҷо вай аз Панама кумак дарёфт кард ва дар бораи ҳолати дохилии давлати инкҳо – Тауантинсуйу маълумотҳои заруриро ҷамъоварӣ намуд. Маълум гардид, ки дар мамлакат нав ҷанги қабилавӣ ба анҷом расидааст ва бар сарвари он – Инку Уаскараи Бузург бародари угайи вай Атаууалпа пирӯз омадааст. Ҷонибдорони Уаскара аз Пизорро хоҳиш карданд, ки барои шикаст додани ишғолгар кумак расонад. Ва ин лаҳзаи бас муносибе буд барои шикасти давлати муқтадири инкҳо. Маълум гардид, ки Атауалпа бо дастаҳои ҳарбии панҷҳазорнафараи худ дар наздикии шаҳри Кахамарка, ки дар қисмати ҷанбу шарқии Тумбес воқест, қарор дорад.

24 сентябри соли 1532 дастаҳои Пизорро соҳили халиҷи Гуаякилро тарк карданд ва бо истифода аз роҳи инкҳо аллакай 15 ноябр ба Кахамарка ворид шуданд. Атауалпаи зудбовар барои вохӯрӣ бо конкистадорон розӣ шуд ва дар ҷараёни мулоқот испониҳо аҳдшиканонаву ғаддорона Атауалпаро ба асорат гирифтанд.

Инкуи Бузург чун донист, ки аврупоиё беш аз ҳар чизи дигар тиллоро хуш доранд, вай дар девори утоқи зиндонии худ то ҷое дасташ мерасид, хате кашид ва гуфт, ки ин хонаро то ҳамин хат ва аз он ҳам болотар бо тилло пур мекунад, то ӯро озод кунанд. Пизорро пешниҳодро пазируфт ва Атауалпа ба ҳар тараф саворонашро фиристод, то ҷавоҳирот ҷамъоварӣ кунанд, ҳатто тиллои ороишҳои савмаъаҳоро биёранд. Моҳи июли соли 1533 6 тонна тилло аллакай ҷамъоварӣ шуда буд! Ҳарчанд ин ҳоло на ҳама ваъдаи гарав буд, Пизорро таҳаммулро аз даст дод. Вай Инкуи Бузургро ба ҳама гуноҳҳои имконпазир муттаҳам кард ва 26 июл ӯро ба қатл расонд. 

11 август аз Кахамарка инкҳои шаҳри Кускоро ба пойтахт раҳо намуд. Дар ҷанги зидди ҳиндуҳои аспсавор силоҳҳои оташфишон ба конкистадорон пирӯзиро таъмин карданд.  Пизорро  Кускоро шаҳри ишғолии шоҳи Испания эълон кард ва ба самти уқёнус ҳаракат намуд.

 5 январи соли 1535 каме дуртар аз соҳил вай пойтахти ояндаи Перурро поягузорӣ кард ва онро «Шаҳри шоҳон» (бо испонӣ Сюдад де лос Рейес) номид. Ва хеле баъдҳо ин шаҳр номи Лимаро гирифт. Яке аз ҳамроҳони Пизорро Себастян Белалкасар ба самти шимолии пойтахти империя Кито, ки инкҳо мехостанд онро ба Кускои дуюм табдил диҳанд, ҳамла кард. Соли 1535 Киторо ишғол карданд. Империяи қудратманди инкҳо шикаста шуд. Конкистадорҳо дар Перу сарватҳои бешумор ва гӯшношунид ҷамъоварӣ намуданд, ки ҳатто  сармояи ҷамъовардаи Кортес зери сояи он монд. Худи Пизорро соҳиби 57 ҳазор песои тилло (беш аз 25 кило тиллои холис) шуд, ки боз тоҷи заррини Инкуи Бузург аз ин ҳисоб берун буд.  Ҳатто ширкаткунандагони қатории асиргардонии Атауалпа сарватмандтар аз ҳар граф ва ҳерсоги аврупоӣ шуданд.


Атауалпа – бародари нотании Уаскар, дар қаламраве,

ки падарашон миёни онҳо тақсим  карда буд, дар пайкор шуданд.
Атауалпа бародарашро шикаст дод  ва ба қатл расонд ва худ аз
дасти испониҳо кушта шуд.

(Идома дорад)

Таҳияи Б.Шафеъ

МАТОЛИБИ ДИГАР ҚИССАҲОИ ҶУҒРОФӢ: