Обшори Виктория нишони дигаре аз фоҷеаи тағйири иқлими Замин

Водопад Виктория

Гузориши нав ҳикоят аз он дорад, ки  дамои кураи Замин ҳамоно рӯ ба афзоиш аст ва барои пешгирӣ аз фоҷеаи иқлимӣ фурсати чандоне боқӣ намондааст. Дар гузашта низ созмонҳои ҳифзи иқлим борҳо бонги изтироб зада буданд, ки барои наҷоти Замин фурсати кам дар ихтиёр аст. Бино ба гузориши Созмони Милали Муттаҳид  зарфи як даҳаи оянда мизони газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон бояд соле  7 дарсад коҳиш пайдо кунад, то кураи Замин бештар аз якуним дараҷа сонтиград гарм нашавад. 

Аммо ҳамин ҳоло ҳам афзоиши дамо таъсири худро гузошта ва хушксолӣ бисёре аз нуқтаҳои оламро фаро гирифтааст. Ва яке аз ин кишвар Зимбабве дар ҷануби қораи Африқост, ки ба хушксолии шадид рӯ ба рӯ шудааст. 

Ёфтаҳои бештар дар ин мавзуъ:

Бар асари ин хушксолӣ дар Зимбабве оби обшори Виктория, ки яке аз калонтарин обшорҳои олам ба ҳисоб меравад, рӯ ба  коҳиш овардааст. Ин ягона обшорест, ки зиёда аз 100 метр баландӣ ва зиёда аз 1 километр бар дорад, ва ҳоло обашро обашро коҳиш додааст. Сахраҳои азими он аз боло хушк шуда, рустаниҳои онҳо аз беобӣ нобуд гаштаанд.

Ин обшор дар имтидоди дарёи Замбези дар марзи Зимбабве ва Замбия ҷойгир аст. Муҳаққиқ ва гардишгари шотландӣ Дэвид Ливингстон, ки соли 1855 ба ин обшор расид,  онро ба шарафи Малика Виктория (Александрино Виктория-подшоҳи Британияи Кабир ва Ирландия ва муддате императори Ҳинд низ ӯ буд. 63 солу 7 моҳу 2 рӯз подшоҳи Британия будааст.). Сокинони маҳаллӣ онро Моси-оа-Тунья меноманд, ки “дуди раъду барқ” мешавад. 

Аз сабаби камобӣ ҳайвонҳои африқоӣ яке паси ҳам мемиранд. Бино ба гузоришҳои расмии мақомоти ин кишвар дар ҷустуҷӯи об наздик ба 200 фили африқоӣ ба ҳалокат расидааст. Дар боғи вуҳуши миллӣ ҳайвонот дигар наметавонанд мустақилона худро аз ин хушксолиҳои марговар наҷот диҳанд. Мақомоти давлатӣ мушкилоти дигар доранд ва наметавонанд ба онҳо кумак расонанд.


Ҳоли обшори Виктория имрӯз

Дар як гузорише, ки ахиран интишор ёфтааст, моҳи ноябр маъмулан оғози моҳҳои боронист ва ҳамзамон бо ин моҳест, ки ҳайвонот низ дар чарогоҳҳо ба ҳаракат меоянд. Агентии ҳифзи табиати кишвар тасмим гирифтааст, ки бо истифода аз фурсати муносиб садҳо фили африқоӣ ва ду галаи шерон, сагҳои ваҳшӣ, говмешҳо, заррофаҳо ва бузгавазнҳоро ба маконҳои амнтар ронад.

Ғайр аз ин хушксолӣ ба амнияти озуқавории кишвар таъсири манфӣ расондааст: бештар аз 5 миллион аҳолии он ба хавфи шадиди бе ғизо мондан рӯ ба рӯ ҳастанд. Бар асари нарасидани чарогоҳ ва оби нӯшиданӣ дар фермаҳо бештар аз 10 ҳазор чорвои калон ҳалок шудааст.

барчасп: