Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия
Чоп шуд: 17/04/2019 | adminҲамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Мо тасмим гирифтем, ки қабл аз оғози барномаи сафари расмии худ ба Федератсияи Россия бо шумо - роҳбарону намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон, соҳибкорон ва зиёиёну донишҷӯёне, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ ва таҳсил мекунед, мулоқот доир намоем.