Полковник Додиён Баҳром Одина – Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд дар семоҳаи аввали соли равон дар қаламрави вилоят 149 ҳодисаи фавқулода ба қайд гирифта шудааст ва дар ин рӯйдодҳо 31 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Полковник Додиён, ки ахиран дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти семоҳаи раёсати таҳти сарварии худ суханронӣ мекард, иброз дошт, ки офатҳои табии ин семоҳа ба хоҷагии халқи вилоят 729 ҳазору 185 сомонӣ зарар расондааст.
Дар ҷаласаи ҳисоботӣ далелҳои ду семоҳа таҳлил шуданд ва гуфта шуд, ки дар ҳамин давраи соли 2018 дар миқёси вилоят 143 ҳодисаҳои хусусияти гуногундошта ба қайд гирифта шуда буданд, ки бар асари онҳо 22 нафар ҷони худро аз даст дода, маблағи зарари расонида шуда ба 8 миллиону 527 ҳазору 941 сомони баробар шуда буд.
Дар давоми семоҳаи аввали соли 2019 дар ҳудуди вилоят 2 (ду) ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиидошта бақайд гирифта шуда, ки дар натиҷа 3 нафар шаҳрвандони вилоят ба ҳалокат мерасанд.
Ширкаткунандагони ҷаласаи ҳисоботӣ гуфтанд, ки дар семоҳаи аввали соли 2018 1 (як) ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шуда буд ва он 7 миллиону 743 ҳазору 509 сомонӣ зарар овард.
Дастаи махсуси зудамали наҷоти водии Зарафшон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар 24 малиёти наҷот, кофтукобӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда иштирок намудааст.
Сардори раёсат баъди таҳлили фаъолияти шуъбаҳо дар ноҳияҳо вазифаҳои ояндаро ин гуна мушаххас кард:
- ташкил ва гузаронидани вохўриҳои мухталиф, роҳандозии корҳои тарғиботиву ташвиқоти пешгирикунанда, вобаста ба огоҳ намудани аҳолии дар минтақаи хавфнок истиқоматкунанда ва амали онҳо ҳангоми сар задани ҳодисаҳои нохуш аз ҷумла, омадани сел, бодҳои сахт ва ҳолатҳои ногувори ғарқшавӣ ҳангоми риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар вақти оббозӣ.
- вобаста ба фарорасии мавсими боришот дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, хадамотҳои дахлдори мудофиаи гражданӣ, ташкилоту идораҳо ташкил ва гузаронидани ҳашарҳои дастаҷамъонаи умумихалқӣ, тоза кардани селроҳаҳо, соҳилҳои дарё, сойҳо ва дигар корҳои пешгирикунандаи ҳолатҳои фавқулодда ба роҳ мондан ва назорати рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ноҳияҳо;
- иншоотҳои муҳофизатии мудофиаи гражданӣ марҳила ба марҳила таъмиру барқарорсозӣ ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани иншоотҳои мазкур чораҷўӣ карда шавад;
- баланд бардоштани сифати малакаву маҳорати касбии наҷотдиҳандагон, пурзўр намудани машқу тамринҳо, машғулиятҳои омодагии ҷисмонӣ ҷиҳати омода намудани наҷотдиҳандагони болаёқат;
- омодагӣ ба мавсими оббозӣ, зери назорати қатъӣ қарор додани омодагии шиногоҳҳо, лагерҳо ва мавзеҳои истироҳатии шаҳрвандон ба мавсими оббозӣ, роҳандозии корҳои таблиғотӣ, насби лавҳаҳои огоҳкунанда дар мавзеъҳои мазкур, ташкил ва ба роҳ мондани вохўриҳои мухталиф вобаста ба мавсими оббозӣ.
Дар поёни ҷаласа сардори Раёсат барои фаъолияти минбаъдаи ҳайати шахсӣ барору комёбиҳо таманно намуда, афзуд, ки ҳар як нафари мо содиқонаву софдилона пеши Ватани азизамон адои хизмат кунем, дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро пурзўртар ба роҳ монем.
Ш.Бутаева, сардори бахши кор бо ҷомеъаи Раёсат, лейтенант