Аммо то ба кай инсонҳо қасди ҷони поки худ мекунанд ва дигарон онҳоро наҷот медиҳанд? Зарфи як ҳафтаи охир ин чандумин хабари худкушӣ ё қасди худкушӣ аст, ки расонаӣ мешавад. Ин бор сокини 53-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба ноҳияи Синои шаҳри Душанбе омад, то аз ҷони ширинаш ба ихтиёри худ ҷудо шавад. Аммо наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро наҷот доданд.
Сокини ноҳияи Рӯдакӣ, соли таваллудаш 1966 дар ҳоли мастӣ бо мақсади худкушӣ ба симчӯби интиқоли барқ дар Душанбе боло шуд ва мехост дар пеши чашми мардум даст аз ҳаёташ бишӯяд. Аммо кормандони хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро аз ин қасдаш боздоштанд.
Ин ҳодиса дар қаламрави ноҳияи Синои пойтахти кишвар рух дод. Сокинони маҳалле, ки он симчӯб дар пеши хонаи онҳо буд, ба наҷотдиҳандагон фавран занг заданд. Кормандони наҷот бо гузоштани нардбон ин марди қасд ба ҷонкардаро аз хатар наҷот доданд.
Ангезаи ин қасди худкушӣ маълум нест, ҳоло кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талош доранд бифаҳманд, ки чӣ ин м ради баркамолро водор кардааст дил аз ҳаёт бишӯяд.