Эълон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи муштарак бо Бонки Рушди Осиё оид ба идоракунии хатари офатҳо дар сатҳи миллӣ барои ишғоли вазифаи холӣ озмун эълон мекунад.

Талабот ба номзадон чунин мешаванд: кормандон бояд ҳадди аққал дараҷаи бакалавр ва таҷрибаи корӣ дар як лоиҳаро дошта бошанд. Фаъолият дар яке аз лоиҳаҳои Бонки Рушди Осиё  афзалиятнок ҳисобида мешавад. Корманд таҳти назорати роҳбари лоиҳаи Гуруҳ  кор мекунанд. Донистани забони  англисӣ талаб карда мешавад.

Корманди мониторинг ва арзёбӣ

Корманд иҷро хоҳад кард:

• пешравӣ ва мониторинги иҷрои лоиҳаҳо;

• таҳия намудани ҳисоботи семоҳа ва ҳисоботҳои дигар, ки дар дастури маъмурияти лоиҳа тавсиф карда шудааст ва ба гурӯҳҳои машваратдиҳанда ёрӣ мерасонанд ва инчунин ҳисоботи саривақтиро ба  БОР пешниҳод мекунад;

• мониторинги пешравӣ дар амалисозии фаъолиятҳое, ки ба ноил шудан ба ҳадаф ё натиҷаҳои дар идоракунии лоиҳа пешбинишуда;

• иҷрои дигар вазифаҳои аз ҷониби мудири лоиҳа муқарраршуда.

Ҳуҷҷатҳои лозимӣ то санаи 22 апрели соли ҷорӣ ба  суроғаи: 734013, Душанбе, ш. Лоҳутӣ, 26 пешниҳод намоед. 

барчасп: