Дар доираи Нақшаи фаҳмонидани мундариҷа ва самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо корманди салоҳиятдори Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Дар ин вохӯрӣ роҳбарони раёсатҳо ва шуъбаҳо ва ҳайати шахсии Кумита ширкат карданд ва дар назди онҳо сарнозир оид ба корҳои пешгирӣ аз қонунвайронкуниҳои коррупсионии Агентӣ майор Абдукарим Маҷидӣ суханронӣ кард.
Зимни суханронии худ Абдукарим Маҷидӣ ҳайати шахсиро дар ҷараёни иҷрои “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013 – 2020” гузошт ва дар бораи ҷиноятҳои коррупсионӣ ва шеваҳои пешгирӣ аз онҳо нақл кард.
Дар ин мулоқот ҳамчунин маҳдудиятҳо дар қабули туҳфа, ҷазо барои ришва, миёнаравӣ барои ришваситонӣ дар шакли ҷаримаи чандин карат болотар аз ҳаҷми пораи гирифташуда; низоми тафтиши маълумоте, ки ба шахсони мансабдор ва зербобеъони воҳидҳои КҲФ мутобиқ ба қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқобилият бо коррупсия мерасад ва ғайра мавриди суҳбат қарор гирифтанд.
Дар поёни мулоқот миёни кормандони Кумита ва намояндаи Агентии номбурда дар доираи масоили мавриди баҳс табодули афкор сурат гирифт.