Имрӯз, 12 апрел дар муассисаи таълимии рақами 2-и Ҷамоати шаҳраки Шайдон, “Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ”, бо иштироки сардори оперативии Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд Асадулло Ҳувайдуллоев, сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Ашт Диловар Ҳамдамов, омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таълимӣ ва роҳбарони омодагии дифои ҳарбии муассисаҳои таълимии ноҳия, гузаронида шуд.
Тавре ба мо Диловар Ҳамдамов сардори бахши Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Ашт иттилоъ дод, мақсад аз баргузории “Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ”- дар ноҳияи Ашт ин пеш аз ҳама, баланд бардоштан ва такмил додани дониш ва омодагии омӯзгорону хонандагон оид ба мудофиаи гражданӣ, омода намудани хонандагон барои амал намудан дар ҳолатҳои фавқулоддаи хусусиятҳои гуногун дошта ва бартараф намудани оқибатҳои онҳо, омӯзонидани хонандагон оид ба расонидани ёрии аввалини тиббӣ, худнаҷотдиҳӣ ва наҷот додани дигарон мебошад.
Асадулло Ҳувайдуллоев сардори оперативии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, дар суханронии худ аз хонандагон даъват ба амал овард, то дар иҷрои машқҳои мудофиаи гражданӣ ҳушёр, зирак ва чолок бошанд.
Дар охир ба омӯзгорон ва хонандагон баъди иҷрои машқҳои мудофиаи гражданӣ, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва Сардори Раёсати вилояти Сугд Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.