Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: аз 502 офати табии се моҳи охир, 12-тои он хисоратбор будааст

Дар се моҳи охир тоқикстониён шоҳиди 502 офати табии будаанд, ки 12-тои ин офат ба мардум ва иқтисоди кишвар зарар расонидааст. Дар ҷаласаи имрӯзаи Коллегияи Кумита муовини сардори Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон барои камбудиҳо дар фаъолияҳои фаврӣ-хидматӣ, назорати сусти зертобеъон ва нишондодҳои паст дар фаъолиятҳои хидматӣ аз вазифа барканор шуд.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҷаласаи Коллегия оид ба натиҷаҳои семоҳаи аввали соли равон баргузор градид. Дар ҷаласа сарварони Сарраёсатҳо, раёсатҳо ва шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти ҳудудӣ ширкат карданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои интизом, ҷамъбасти фаъолиятҳои семоҳаи соли равон ва муайян намудани вазифаҳои аввалиндараҷа дар семоҳаи дуюми соли 2019 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин чорабиниҳои нисбатан муҳиме, ки дар семоҳаи аввал гузаронида шуданд, комёбиву муваффақиятҳо ва камбудиҳо баррасӣ гардиданд ва чорабиниҳои асосии семоҳаи дуюми соли 2019 номбар шуданд. 

Зикр гардид, ки зарфи семоҳаи аввали соли равон дар қаламрави кишвар 502 ҳолати фавқулодаи табиӣ рух дод, ки 12 ҳодиса ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарар расонд. Ин хисорат асосан бо фаро расидани баҳор, боронҳои пуршиддат, омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг расид.   

Дар ин нишаст ҳамчунин ҳисоботи роҳбарони раёсатҳои вилоятӣ, ноҳиявии КҲФ ва дигар раёсатҳои Кумита оид ба корҳои анҷомдода шунидаву дар мавриди ислоҳи камбудиҳои ифшошуда тадбирҳо андешида шуданд.

Диққати асосӣ ба чорабиниҳое аз қабили роҳандозии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, фаъолиятҳои ҳамарӯзии неруҳои мусаллаҳи Кумита, таъминоти ақибгоҳ, истифода, нигоҳдошт ва таъмири техника ва силоҳҳо, риояи интизоми ҳарбӣ, ба вуҷуд овардани шароитҳо барои хизмати ҳарбии сарбозон ва ғайра бештар таваҷҷуҳ карда шуд. 

Дар ҷараёни ҷаласа Раиси КҲФ ба як қатор камбудиву норасоиҳо дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои соҳилмутаҳкамкунӣ дар вилояти Хатлон ишора намуд. 

Барои камбудиҳо дар фаъолияҳои фаврӣ-хидматӣ, назорати суст аз болои кори зертобеъон ва нишондодҳои паст дар фаъолиятҳои хидматӣ ҷонишини сардори Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон аз вазифа озод карда шуд. 

Сарвари Кумита таваҷҷуҳи роҳбарони воҳидҳои КҲФ-ро ба омодагиҳои фаврӣ ва касбиву босаводона дар вокуниш ба лағзиши эҳтимолии тарма, омадани сел, сангрезишҳо, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар давраи баҳориву тобистонӣ ҷалб намуд. 

Ба роҳбарони раёсатҳои дахлдор супориш дода шуд, ки гурӯҳҳои махсусе оид ба омӯзишҳои иловагии минтақаҳои хатарзо созмон диҳанд, тамринҳои ғайринавбатиро миёни аҳолӣ оид ба мудофиаи гражданӣ ба роҳ моннад, бори дигар системаи огоҳсозии бармаҳал ва фавриро аз назар гузаронанд, ба мавсими оббозӣ омода шаванд, оид ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, назорати татбиқи созишномаҳои имзошудаи байналмилалӣ ботаваҷҷуҳ бошанд ва онро зери назорат бигиранд.

Раиси Кумита ба аз байн бурдани қонуншиканиҳо аз ҷониби ҳайати шахсӣ, таҳкими интизоми кориву хидматӣ ва баланд бардоштани масъулияти шахсии ҳар як корманди Кумита дар иҷрои вазифаҳои хитматӣ таъкид намуд. 

Дар хотима он баста масъалаҳое баррасӣ шуданд, ки барои ҳалли онҳо дар нимсолаи аввали соли равон таваҷҷуҳ шавад.

барчасп: