апрели 2019

Сел дар Покистон 39 нафарро куштаву 135 танро захмӣ кардааст

Шумори кушташудагон дар сели азими вилоятҳои Панҷоб, Балуҷистон, Хайбар-Пахтунхваи Покистон ба 39 нафар расид. Бар асари ин селҳо 135 нафар захмӣ шуданд, хабар медиҳад ширкати тлевизионии Geo TV истинодан ба Раёсати миллии бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ (NDMA).

Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки бар асари боришоти

Боронҳои пуршиддат дар кишвар: Чӣ бояд кард, то дар гирдоби сел намонем?

Боронҳои баҳории пуршиддат дар аксар минтақаҳои кӯҳии мамлакат ва ҳатто дар водиҳо сабаби омдани ногаҳонии сел мешаванд. Аллакай Тоҷикистон борҳо ин офати азимро таҷриба кардааст ва дар баъзе мавридҳо омадани сел сабабгори расидани хисорат ба хоҷагиҳои давлативу хусусӣ шудааст ва дар ҳолатҳое инсонҳо ҷон бохтаанд. Маъмулан сел ногаҳонӣ меояд, дар аксар мавридҳое, ки талафоти ҷониву молӣ меорад, шабонгаҳ

Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Мо тасмим гирифтем, ки қабл аз оғози барномаи сафари расмии худ ба Федератсияи Россия бо шумо - роҳбарону намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон, соҳибкорон ва зиёиёну донишҷӯёне, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ ва таҳсил мекунед, мулоқот доир намоем.

Эълон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи муштарак бо Бонки Рушди Осиё оид ба идоракунии хатари офатҳо дар сатҳи миллӣ барои ишғоли вазифаи холӣ озмун эълон мекунад.

Талабот ба номзадон чунин мешаванд: кормандон бояд ҳадди аққал дараҷаи бакалавр ва таҷрибаи корӣ дар як лоиҳаро

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: аз 502 офати табии се моҳи охир, 12-тои он хисоратбор будааст

Дар се моҳи охир тоқикстониён шоҳиди 502 офати табии будаанд, ки 12-тои ин офат ба мардум ва иқтисоди кишвар зарар расонидааст. Дар ҷаласаи имрӯзаи Коллегияи Кумита муовини сардори Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон барои камбудиҳо дар фаъолияҳои фаврӣ-хидматӣ, назорати сусти зертобеъон ва нишондодҳои паст дар фаъолиятҳои хидматӣ аз вазифа барканор шуд.

Раёсати Кумита дар Суғд фаъолияти семоҳаи худро ҷамъбаст намуд

Полковник Додиён Баҳром Одина – Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд дар семоҳаи аввали соли равон дар қаламрави вилоят 149 ҳодисаи фавқулода ба қайд гирифта шудааст ва дар ин рӯйдодҳо 31 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Полковник Додиён, ки ахиран дар ҷаласаи ҷамъбастии

ДИҚҚАТ: Боз як нафар қасд ба ҷони худ кард, вале ӯро наҷот доданд

Аммо то ба кай инсонҳо қасди ҷони поки худ мекунанд ва дигарон онҳоро наҷот медиҳанд? Зарфи як ҳафтаи охир ин чандумин хабари худкушӣ ё қасди худкушӣ аст, ки расонаӣ мешавад. Ин бор сокини 53-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба ноҳияи Синои шаҳри Душанбе омад, то аз ҷони ширинаш ба ихтиёри худ ҷудо шавад. Аммо наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро наҷот доданд.

Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ” - дар ноҳияи Ашт

Имрӯз, 12 апрел дар муассисаи таълимии рақами 2-и Ҷамоати шаҳраки Шайдон, “Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ”, бо иштироки сардори оперативии Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд Асадулло Ҳувайдуллоев, сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Ашт Диловар Ҳамдамов, омӯзгорон ва хонандагони муассисаи

Кумаки техникии САҲА ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

12 – уми апрели соли  2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими таҳвили техникаи компутерӣ, аз ҷумла компутеру ноутбукҳо, проекторҳо, принтерҳо, дастгоҳҳои нусхабардорӣ барои Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методӣ баргузор шуд.

Ин техника дар доираи ҳамкориҳои минбаъдаи КҲФ бо САҲА

Мулоқоти зиддикоррупсионӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар доираи Нақшаи фаҳмонидани мундариҷа ва самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо корманди салоҳиятдори Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дафтари намояндагӣ ва кормандони МТРК «Мир» аз “офат” наҷот дода шуданд

Кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳандозии як дарси омӯзишӣ роҳҳои ҳифзи бино ва наҷоти кормандони намояндагии МТРК «Мир» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳолати фавқулодае назири заминларза тамрин карданд.  Онҳо фаврӣ “зарардидагон” аз ин офатро аз дохили бино берун бурданд ва барои расонидани ёрии аввали тиббӣ

Ифротгароӣ ва терроризм-зуҳуроти номатлуби замони муосир

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Страницы