Кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳандозии як дарси омӯзишӣ роҳҳои ҳифзи бино ва наҷоти кормандони намояндагии МТРК «Мир» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳолати фавқулодае назири заминларза тамрин карданд. Онҳо фаврӣ “зарардидагон” аз ин офатро аз дохили бино берун бурданд ва барои расонидани ёрии аввали тиббӣ онҳоро ба дасти табибони бемористони Кумита супурданд.
10-уми апрели соли равон кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои бахши Миллии МТРК «Мир» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамрини омӯзишии мудофаи гражданӣ баргузор намуданд.
Ин тамрин аз ҷониби сардори Сарраёсати мудофиаи граждании КҲФ полковник У. Файзуллозода роҳбарӣ шуд. Ҳамчунин дар чорабинӣ наҷотдиҳандагон ва кормандони тиббии Кумита ширкат карданд.
Дар аввали тамрин полковник У.Файзуллозода ба ҳозирон дар бораи мудофиаи гражданӣ, маънову мафҳуми он ва дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода чӣ бояд кард, нақл намуд. Баъдан наҷотдиҳандагони КҲФ бо ёрии таҷҳизоти махсус “зарардидагон”-ро аз бино ба кӯча берун оварданд ва кормандони бемористони ҳарбии Кумита ба онҳо ёрии аввалини тиббӣ расонданд.
Ҳадафи ин тамрин такмили малакаҳо дар таъмини иҷрои чорабиниҳо оид ба мудофиаи гражданӣ, ҳифзи бинои ширкати телевизионии мазкур дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодае чун заминларза буд.
Ширкаткунандагони тамрин сатҳи баланди омодагии худ ба амалҳо ҳангоми ҳолатҳои фавқулодаро ба намоиш гузоштанд ва дида мешуд, ки ҳангоми ҳаракатҳо онҳо бо боварии том ба дурустии фаъолияти худ амал мекунанд.
Дар анҷоми он директори бахши Миллии МТРК «Мир» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вера Исмоилова ба Кумита барои кумаки амалӣ ҷиҳати роҳандозии ин тамрин изҳори сипос намуд.