Тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Панҷ

Бар асоси Чорабиниҳои нақшавии КҲФ дар соли 2019 оид масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳудуди ноҳияи Панҷ тамрини фармондеҳиву ситодӣ дар мавзуъи “Амали ҳайати роҳбарии хадамот, неруҳо воситаҳои мудофиаи гражданӣ дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода дар қаламрави ноҳия" баргузор намуданд.

Дар давраи гузаронидани тамринҳо масъалаҳои омодагии мақомоти идории раёсати мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода, Системаи ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, неруҳо ва воситаҳо ҳангоми омадани сел ва интиқоли аҳолии ноҳия ба ҷойи амн баррасӣ шуданд.

Ғайр аз ин ҳангоми тамрин сатҳи омодагии аҳолӣ дар ҳимоя аз сел, ярч, заминларза санҷида шуд.

Ҳамаи иншоотҳои ҳимоявии мудофиаи гражданӣ ба ҳоли омодабош дароварда шуданд.

Бо мувофиқати ҳокимияти иҷроияи маҳал ҳамчунин системаи хабардоркунии фаврии аҳолӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва таҳдидҳои он санҷида шуд.

барчасп: