Анҷоми тамрини панҷрӯзаи мудофиаи гражданӣ дар Рӯшон

Дар тамрини мудофиаи гражданӣ, ки гуруҳи эъзомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ доир кард, 11 хадамоти ноҳиявию вилоятӣ, неруҳои ғайриҳарбии 7 ҷамоат, иншоотҳо ва 450 нафар аҳолии ноҳия, ҳамчунин афсарони Ситоди ВМКБ ва намояндагони Кумита иштирок намуданд.
Ин машқҳои омӯзишӣ аз 11 то 15-уми октябри соли равон  тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Кумитаи ҳолатҳои

Наҷоти зани 58-солае, ки худро дар об ғарқ карда буд

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зани 58-солаеро, ки мехост худкушӣ кунад, наҷот доданд.
Ин ҳодиса дар соҳили дарёи  Сир рух додааст. Хонуми 58-сола бо қасди поён додан ба ҳаёташ ва раҳоӣ аз қайди мушкилот мехост аз болои пул худро ба зер афканад.
Ин зан бидуни андешаи дигар худро ба оғӯши дарёи пурхурӯш андохтааст ва дар ҳамин асно чашми кормандони

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони кишварро огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 18-19-уми октябри соли ҷорӣ дар қаламрави мамлакат ҳаво рӯ ба сардӣ меорад. Борон ва боди сарду сахт дар назар аст.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо ба 10-12°С мерасад. Дар манотиқи баландкуҳ барф меборад, дар навоҳии ҷудогона бӯрони шадид ҳам интизор меравад. Дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои

КҲФ барои санҷиши маҳорати кормандонаш мусобиқоти наҷот ташкил кард

Даҳумин мусобиқаи имдод ва наҷот миёни  хадамоти вежаи наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи рӯзи 15-уми октябр оғоз шуд ва қарор аст то рӯзи 17-уми октябр идома кунад.
Дар ин мусобиқот ҳамаи наҷотдиҳандагони штатии воҳидҳои мухталифи КҲФ ширкат доранд.
Мусобиқа дар машқгоҳи давраи Варзоб аз рӯйи эстафета дар

Ҷамъбасти чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо

Чорабиниҳо бахшида ба рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатар, ки аз рӯзи 12-уми октябр бо ташаббуси Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда буданд, ба поён расиданд.
Ҳамчуноне хабар дода будем, дар доираи ин чорабиниҳо рӯзҳои 12-13-уми октябр дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишии вокуниш ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷараёни омӯзишҳо сатҳи омодагӣ ва

Страницы